ОБОДИИ РОҲҲО - ОБОДОНИИ ВАТАН АСТ
- Details
- Published on Tuesday, 31 January 2023 12:46
Ҳамасола ироаи Паём аз ҷониби Пешвои миллат ин расидан ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад. Дар паёми навбатӣ низ аз тарафи Сарвари давлат тамоми самтҳои фаъолияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла масъалаҳои муҳимтарин расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии кишвар, ки худ ҷавҳар ё ки таҳкурсии ҷомеаи миллӣ аст, натиҷагирӣ ва баррасӣ гардид. Соҳаи роҳдорӣ низ чун дигар соҳоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии рушд ба ҳисоб рафта, барои пешрафту тараққиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингард яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, дар раванди беҳтарсозии соҳаи роҳу роҳдорӣ таи чанд соли охир дар қаламрави вилоят низ таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии пурраи роҳҳои аҳамияти гуногундошта идома дошта, натиҷаҳои он рӯҳбаландкунандаанд.
Аз ҷараёни таъмини иҷрои нақшаву барномаҳои соҳавӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард дар шаҳру навоҳии вилоят бо Олимҷон Очилзода мудири шуъбаи нақлиёт, роҳ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят суҳбат намудем:
‐Мегуфтед, ки соли 2022‐ум чӣ қадар роҳҳои асосии мошингард таъмир, мумфарш ва ба истифода дода шуданд ва дар самти беҳдошти роҳҳои автомобилгарди вилоят боз чӣ корҳо ба сомон расонида шудаанд?
‐Боиси тазаккур аст, ки сол аз сол диққату эътибори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгард бештару хубтар мегардад. Мушаххасан дар ин раванд дар заминаи барномаҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят низ барномаҳои мухталиф таҳияву қабул гардида, дар ҳошияи ин нақша ва иҷрои он чорабиниҳо тарҳрезӣ гашта истодаанд. Ба санаи 30 юми декабри соли сипарӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик 2300 километр роҳҳо таъмир шудааст, яъне 113,7 фоизи нақша ба иҷро расидааст. Аз ҷумла, наздик 335 километр аз таъмири асосӣ, 1100 километр аз таъмири ҷорӣ ва беш аз 860 километр роҳ шағалпӯш шуда, маҳаки асоси бехатарии ҳаракати нақлиёт, равуои сокинон, савдою гардиши мол ва мустаҳкам гардидани заминаи иқтисодии вилоятамон аст. Бояд қайд кард, ки ободии роҳҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят, хоса Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Ин аст, ки ҳамасола то 50‐60 километр роҳ аз ҳисоби маблағгузории буҷети вилоят мумфарш мешавад.
‐Дар қаламрави вилоят чӣ қадар роҳҳо амал мекунанд ва роҳсозони вилоят ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо чӣ корҳоро ба анҷом расониданд?
‐Дар қаламрави вилоят 8184,7 километр роҳ ба қайд гирифта шуда, 456,4 дорои роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 413,8 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 2422,38 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ, аз ҷумла 3292, 7 километр роҳ дар мувозинаи муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилоят”, 278,9 километр дар мувозинаи намояндагии минтақаи Суғди Филиали ШС “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 594,1 километр роҳҳои дар мувозинаи хоҷагии манзилию рифоҳӣ, 4019,63 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мавҷуд мебошанд
Чуноне ҳамагон огаҳем, яке аз ҳадафҳои стратегии давлат раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб ёфта, ба шарофати ваҳдату ҳамгироии мардуми кишвар ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо марҳала ба марҳала дастовардҳо афзун гардида истодаанд.
Чуноне Пешвои миллат дар Паёми худ изҳор доштанд: “...Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст”.
Ҳамзамон бобати идомаи корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар дар соли 2022 татбиқи лоиҳаҳои тарҳрезишуда оғоз гардид, аз ҷумла корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳҳои мошингарди Хуҷанд – Конибодом оғоз шуданд.
Дар ин замина роҳбарияти вилоят зимни сафарҳои хеш ба роҳбарону масъулини шаҳру навоҳии вилоят таъкид медоранд, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонида шавад.
‐Солҳои охир ҷавобан ба даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсонҳои хайрхоҳу савобҷў бисёр шуда истодаанд, ки аз ҳисоби захираҳои худ дар ободонии роҳҳо саҳмгузор мешаванд…
‐Бале, воқеан ин иқдоми нек чанд соли охир вусъати тоза гирифтаву шоистаи таҳсин аст. Аз ин рў, чун солҳои пешин дар корҳои таъмиру тармими роҳҳо ашхоси савобҷўю хайрхоҳ, хоса соҳибкорони ватанию бурунмарзии кишварамон саҳми сазовор мегиранд. Ин аст, ки бино ба маълумоти ҷамъбастии соли сипарӣ бо ин мақсад ба маблағи 26 миллиону 447 ҳазор сомонӣ маблағи онон сарф гардидааст. Аз ҷумла дар ин раванд барои ободониву созандагии маҳалу деҳот аҳолӣ низ имрӯзҳо саҳми арзанда гузошта, аз ҷониби худи сокинони маҳал ба миқдори 32 миллиону 284 ҳазор сомонӣ барои таъмиру тармими роҳҳо ҷудо шудааст. Мушаххасан гўем, мо роҳсозони вилоят бо дарки он, ки роҳи ободи Ватан, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани иқтисодиёт ва дар ин замина беҳдошти рўзгори мардум, таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист, қарор додаем, минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам хубтар ба роҳ монда, мекўшем, то ки роҳҳо ҳамеша ободу ба талабот ҷавобгӯ бошанд.
Воқеан, таъмиру тармими роҳҳо амали басо хайру савоб маҳсуб меёбад ва роҳҳои вилоят асосан дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рўи таъмирро дида истодаанд. Роҳ яке аз воситаҳои асосии баҳадафрасии мардум аст. Хеле рамзист, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор додаанд. Роҳбарияти вилоят низ дар пайравӣ ба ҳамин иқдоми Роҳбари олии давлат барномаҳо тартиб дода, давра ба давра амалишавии онро ба иҷро расонида истодаанд.
Тибқи маълумот, агар барои таъмиру тармими роҳҳо дар соли 2018 беш аз 70 миллион сомонӣ масраф гардида бошад, барои соли 2022‐ум беш 113 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, он ба маблағи наздик 195 миллион сомонӣ, ба иҷро расонида шуд, ки ин 170 фоизи нақша мебошад.
‐Мо, масъулини роҳдориву роҳсозии вилоят бо дарки он, ки роҳҳои обод, яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани иқтисодиёт ва дар ин замина беҳдошти рўзгори мардуму таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист, минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам хубтар ба роҳ монда, мекўшем то ки роҳҳо ҳамеша ободу ҳамвор бошанд.
‐Дар ҳақиқат, мардум аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти кишвару вилоят басо ризову қаноатманданд. Зеро, дар баробари ба эътидол омадану беҳтар гаштани вазъи роҳҳои дохиливу асосии шаҳру навоҳии вилоят, шумораи садамаи роҳу нақлиёт, корношоямии воситаҳои нақлиёт, сарфи вақт барои ҳаракат дар роҳ кам ва ҳифзи муҳити зист беҳтар мегардад. Дар ҷодаи фаъолияти пурзаҳмат барору комёбиҳо хоҳонем.
Ташаккур.
Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»