ИҶРОИ НАҚШАИ ПАХТА ВА ПАСТ ШУДАНИ НАРХИ РАВFАН

Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии хушсифат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, тамоми сохторҳои дахлдор кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри зиндагии шоистаи сокинони кишвар шароити муфидро фароҳам оранд.

Чанд моҳ қабл сокинони вилоят аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки нархи равғани пахтаву офтобпараст гарон шудааст. Бидуни равған рўзгор бурдан ғайриимкон аст, зеро он барои истеъмоли ҳаррўзаи инсон зарур ва муҳим аст. Мутахассисони соҳа гарон шудани нархи равғанро ба омилҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла мунтазам тағйир ёфтани қурби асъор, хурўҷи бемории ҳамагири COVID – 19 ва гарон гардидани нархи офтобпарасту пахта дар бозори ҷаҳонӣ ва амсоли ин вобаста мекунанд. Имрўз дар бозори фурўш нархи равған паст шудааст. Доир ба арзон гардидани нархи равғани пахтаву офтобпараст бо чанде аз мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони коргоҳҳои истеҳсоли равған ҳамсуҳбат гардидем.

Бино ба гуфти муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода, барои арзон шудани нархи равған зиёд гардидани ҳосили пахта таъсири калон дорад, зеро баробари зиёд гардидани ҳосили пахта чигит низ зиёд истеҳсол мешавад ва он имконият медиҳад, ки дар коргоҳҳои истеҳсоли равғани пахта миқдори зарурии чигит захира карда шавад. Соли 2022 дар қаламрави вилоят кишоварзон дар майдони 57 ҳазору 159 гектар кишти пахта гузаронида, ба ҳолати 1 уми январи соли 2023 ба миқдори 125 ҳазору 206 тонна бо вазни кондитсионӣ пахта супорида шуд. Ҳамзамон сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Нарзулло Боймирзоев доир ба таъсири ҳосили зиёди пахта ба нархи равған чунин ибрози ақида намуд:

‐Дар мавсими соли 2022 – ум дар ноҳияи Мастчоҳ дар умум 25 ҳазору 521 тонна пахта истеҳсол шуд, ки аз он 14 ҳазору 547 тонна чигит истеҳсол мешавад. Аз ин миқдор чигити ҳосилшуда имконияти 1600 тонна истеҳсол шудани равған аст. Чигити пахтаро мо ба коргоҳҳои истеҳсоли равған дастрас мекунем. Баробари зиёд гардидани ҳосили пахта чигит низ зиёд гардида, ба нархи равған таъсири мусбат мерасонад, зеро коргоҳҳо ба таври зарурӣ бо ашёи хом таъмин ва истеҳсоли равған бо нархи арзон ба сокинон дастрас мешавад. Агар ба нархи соли гузашта назар афканем, фарқияти он баръало аён мешавад, зеро соли сипарӣ як литр равғани пахта 25 26 сомониро ташкил медод, ҳоло бошад, нархи он ба 16 сомонӣ расидааст, ‐гуфт Нарзулло Боймирзоев.

Ҳамчунин ў қайд кард, ки беҳтар шудани ҳосилнокии пахта ва истеҳсоли зиёди чигит ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки ашёи хомро аз дохили вилоят дастарс ва миқдори заруриро захира намоянд. Дар ҳолати захира кардани чигит онҳо метавонанд истеҳсолотро зиёд карда, шумораи кормандонро беш созанд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ низ таъсис диҳанд. Истеҳсоли равғани растанӣ дар вилояти Суғд дар давоми соли 2022 ба 5011,51 тонна, равғани пахта ба 2539,53 тонна, равғани офтобпараст 500,13 тонна расидааст.

Алҳол дар вилояти Суғд 15 корхонаи истеҳсол ва коркарди равғани растанӣ, пахта ва офтобпараст, аз ҷумла ҶДММ ШС «Рахшона», ҶСК «ДСМ 19», ҶДММ «Ҷавонон», ҶДММ «Ганҷи ҳилол», ҶДММ «Зуҳал», ҶДММ «Сахо», ҶДММ «Хубҷам инвест», ҶДММ «25 – солагии Истиқлолият», ҶДММ «Умедҷон 2007», ҶДММ «Зирвеко», ҶДММ «Хизир Назар», ҶДММ «Пахтаи ориён», ҶДММ «Ҷаъфар» ва амсоли ин фаъолият доранд. Коргоҳҳои мазкур бештар дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, Конибодом, Мастчоҳ, Исфара, Ашт мавҷуд ҳастанд, ки сокинони вилоятро бо равған таъмин карда истодаанд. Дар ноҳияи Спитамен коргоҳи истеҳсоли равғани ҶДММ «25 – солагии Истиқлолият» фаъолияти худро дар самти захира ва коркарди пахтаву чигит ҷоннок кардааст. Коргоҳи мазкур ба ҷуз истеҳсоли равған боз коркарди пахтаро ба роҳ мондааст. Коргоҳи мазкур бо равғани хушсифат бозори дохилиро таъмин карда, мекўшад ба сокинон бо нархи арзон пешниҳод кунанд.

‐Арзон шудани равған сабабу омилҳои ба худ хос дорад, ин, пеш аз ҳама, дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба соли гузашта арзон шудани нархи пахта аст. Агар соли сипарӣ як килограмм пахтаро бо нархи 12 – 13 сомонӣ харидорӣ кунем, ҳоло бошад, нархи он ба 7,5 – 8 сомонӣ расидааст. Аз ин лиҳоз нархи чигит низ поён рафта, нархи равған арзон шудааст. Алҳол дар коргоҳ ба ҷуз равғани истеҳсолшуда 500 тонна захираи чигит дорем. Азбаски дар коргоҳ ба ҷуз коркарди пахта истеҳсоли чигит низ ба роҳ монда шудааст, боз 1500 тонна чигити коркарднашуда дар захираи коргоҳ мавҷуд аст, ‐гуфт роҳбари корхонаи мазкур Алиҷон Раҳматов.

Ҳамчунин ў қайд кард, ки равғани истеҳсолшуда тариқи баркашида ва ҳам дар зарфҳои 3,2 – 4, 5 литра бо номи равғани пахтаи «Холис» дар бозору нуқтаҳои савдо ба фурўш бароварда мешавад. Баробари арзон шудани нархи равғани пахта нархи равғани офтобпараст низ поён рафтааст. Равғани офтобпараст бештар воридотӣ буда, аз давлатҳои мухталиф оварда мешавад. Дар марказҳои савдо, бозору мағозаҳо навъ ва намудҳои гуногуни равғани офтобпараст ба фурўш гузошта шудааст. ҶДММ «Зирвеко» ‐яке аз коргоҳҳои коркарди равғани офтобпараст дар шаҳри Хуҷанд аст. Коргоҳи мазкур фаъолияти истеҳсолии худро аз соли 2019 ба роҳ монда, 30 нафар сокини шаҳрро бо ҷойи кории доимӣ таъмин кардааст.

‐Фаъолияти корхона бештар ба соф ва доғ кардани равғани хоми воридотӣ равона шудааст. Намудҳои гуногуни равғани хом бештар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия ва Озарбойҷон ворид мешавад. Бештар 4 намуди равған, аз ҷумла равғанҳои офтобпараст, пахта, рабс ва соя ворид мешавад. Равғани хомро тариқи таҷҳизоту дастгоҳҳои махсус соф ва доғ карда, дар зарфҳои махсуси аз 0,5 то 7 литр ҷой дода, ба харидорон пешниҳод мекунем. Сабаби асосии арзон шудани нархи равғани офтобпараст, пеш аз ҳама, ба қурби асъор ва арзон шудани ашёи хом вобастагии зиёд дорад. Як муддат бинобар шиддат ёфтани бемории COVID – 19 вақте сарҳадҳо махкам шуданд, мо имконияти дуруст ба роҳ мондани фаъолиятро надоштем. Ҳоло бошад, барои дастрас кардани ашёи хом монеа мавҷуд нест ва мо кўшиш мекунем, ки сари вақт бо маҳсулоти хушсифат сокинонро таъмин карда бошем, ‐гуфт роҳбари корхона Ҷамшед Исломов.

Мавсуф қайд кард, ки дар бозор ва нуқтаҳои фурўши маҳсулоти озуқаворӣ равғани коргоҳ бо номи «Софӣ» ва «Олия» шинохта шудааст. Баробари ин ҳар ҳафта дар шаҳрҳои саноатии вилоят дар ярмаркаи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ширкат варзида, маҳсулоти худро бо нархи арзон ва дастрас ба фурўш мебароранд.

Ҳамчунин ў таъкид кард, ки дар ярмарка ба маҳсулот нархи иловагӣ зам карда намешавад, зеро кормандони корхонаи мазкур бо нақлиёти махсуси худӣ ба фурўш мебароранд. Барои огаҳӣ гардидан аз нархи равған ба бозори марказии шаҳри Хуҷанд «Панҷшанбе» равон гардидем. Дар бозор намудҳои гуногуни равғани пахтаву офтобпараст, аз ҷумла «Олейна», «Кремлёвское», «Богатовское», «Корона», «Янтарь», «Олия», «Софӣ», «Зуҳал», «Доня» ва амсоли ин ба фурўш бароварда шудааст, ки харидорон ҳамарўза аз он ҷо дастрас мекунанд. Муҳаббат Каримова, чанд сол инҷониб бо фурўши равғани пахта машғул асту ризқу рўзии худро аз хариду фурўши равған меёбад. Оид ба арзон гардидани нархи равғани пахта ў чунин ибрози ақида намуд:

‐Чанд моҳ қабл нархи ҳама намуди равғани пахта гарон гардида буд, мо ҳатто як килои онро ба маблағи 26 сомонӣ фурўхтем. Харидорон аз гарон гардидани нархи равған норозигӣ баён мекарданд, вале болоравии нархи он аз мо вобастагӣ надошт. Имрўз бошад, нархи як литр равған 15 16 сомонӣ ва як килои он 17,50 сомониро ташкил медиҳад. Баробари арзон шудани нархи равған харидорон низ зиёд шуданд. Ҳамчунин фурўшандаи дигар Исмат Бобоҷонов, ки бо фурўши равғани офтобпараст машғул аст гуфт, ки нисбат ба соли гузашта соли равон нархи равғани офтобпараст поён фаромадааст.

‐Талабот ба равғани офтобпараст зиёд аст ва ҳамарўза мизоҷони зиёд барои харидани равғани офтобпараст меоянд. Сокинон бештар ҳаҷми 5 литраро интихоб мекарданд, вале баробари гарон гардидани нархи он як ё ду литр мегирифтанд, зеро нархи як литр равғани офтобпараст ба 26 – 27 сомонӣ баробар шуда буд. Вале имрўз нархҳо арзону равған дар бозор фаровон аст ва ҳоло як литр нархи равғани растанӣ ба 19 – 20 сомонӣ баробар шудааст, ‐гуфт номбурда.

Ҷоиз ба қайд аст, ки арзон ва дастрас гардидани ҳама намуди молу маҳсулот барои сокинон муфид аст. Ҳамчунин бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои кўмак ва дастгирии сокинони шаҳрҳои саноатӣ ҳар ҳафта рўзи шанбе ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Ин ташаббус аз он шаҳодат медиҳад, ки шароит ва талаботи сокинони вилоят дар мадди аввал қарор дорад, зеро дар ярмарка нархҳои маҳсулот нисбат ба бозору мағоза ва нуқтаҳои савдо арзон буда, бошандагон имкон доранд аз он харидорӣ кунанд.

Дар ин замина ба даст овардани ҳосили фаровон ба манфиати кишоварзону соҳибкорон мебошад, зеро онҳо метавонанд, барои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат имконияти бештар пайдо кунанд. Новобаста аз вазъи ҷаҳонии имрўза коргоҳҳои саноатӣ ва кишоварзон кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар таъмини амнияти азуқавориро ба таври зарурӣ ба роҳ монанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh