ТАЪСИСИ КОРГОҲҲОИ САНОАТӢ ВА ТАЪМИНИ ЗАНОН БО ҶОЙИ КОРӢ
- Details
- Published on Friday, 20 January 2023 13:55
Таъминот бо ҷойи корӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бунёди иншооти мухталифи саноативу маишӣ нақши муҳим мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид медоранд, ки барои таъмини сокинон бо ҷойи корӣ алалхусус, занон тамоми шароит муҳайё карда шавад. Таъминот бо ҷойи корӣ ба болоравии сатҳи некӯаҳволии мардум саҳм гузошта, ҳамчунин дар иқтисодиёти кишвар нақши босазо дорад, зеро бунёд ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба ғанӣ гардидани буҷаи кишвар оварда мерасонад. Ин аст, ки дар вилояти Суғд сол аз сол сохтмони иншооти мухталифи маишӣ зиёд гардида, сокинон бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардида истодаанд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ баробари рушди соҳаи кишоварзӣ дар соҳаи саноат низ ба натиҷаҳои баланд ноил гардидаанд. Соли сипарӣ саноатчиёни ноҳия истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 318 миллиону 253 ҳазору 800 сомонӣ расониданд, ки дар муқоиса ба соли 2021 – ум 43 миллиону 395 ҳазору 700 сомонӣ зиёд ё худ 115,8 фоизро дарбар мегирад. Алҳол дар қаламрави ноҳия 41 коргоҳи саноатӣ фаъолият карда истодааст.
Саноатчиёни ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки коргоҳҳои аз фаъолият бозмондаро дубора эҳё ва ба ҳолати корӣ баргардонанд. Ин аст, ки яке аз коргоҳи бузурги саноатӣ, ки чанд муддат аз фаъолият бозмонда буд, дубора ба фаъолият шурӯъ кард. ҶСП “Олим текстайл” 25 – уми марти соли 2011 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда, дар он зиёда аз 400 зану духтари маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ ва маоши хуб гардида буданд. Бо сабабҳои гуногун чанд муддат корхонаи ресандагӣ ба пуррагӣ аз фаъолият бозмонд.
ҶДММ “Арвис зелал текстайл” дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони Туркия таъсис дода шудааст. Корхона иқтидорҳои бекорхобидаи фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ (собиқ ҶДММ “Олим текстайл” ва ҶДММ “Ангубин”) ро баъди танаффуси тўлонӣ барқарор карда, ба кор даровардааст. Иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 6000 тонна нахи пахта дар як сол мебошад. Баъди гузаронидани корҳои таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ ва танзими таҷҳизоти технологӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз моҳи декабр оғоз ёфт. Бино ба гуфти мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Ҳафизхон Файзиев, коргоҳи саноатии мазкур давоми моҳҳои ноябр декабр ба фаъолият шурўъ кард. Айни ҳол 220 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин буда, музди маоши миёнаи онҳо 1500 сомониро ташкил медиҳад.
‐Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ ба содирот равона карда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолӣ асосан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, давлати Туркия ва давлатҳои хориҷ содирот хоҳанд шуд. То ба имрӯз ба миқдори 109 тоннаю 500 килограм маҳсулот истеҳсол кард, ки он 2 миллиону 801 ҳазору 800 сомониро ташкил дод. Иқтидори солонаи коргоҳ шаш ҳазор тонна нахи пахта аст. Дар ҳолати ба пуррагӣ ба фаъолият шурӯъ кардани коргоҳ боз 150 нафар сокин бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар ин самт аз тарафи масъулин дар тамоми ҷамоат ва деҳот ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида истодаанд. Дар соли 2022 ум 150 нафар ба кор қабул шуданд, дар давоми соли 2023 – ум бошад аллакай 54 нафар ба кор ҷалб гардиданд, ки аз ин миқдор 45 нафар зан мебошанд. Дар ин самт корҳо идома дошта, сокинон ба кор ҷалб гардида истодаанд, ‐гуфт Ҳафизхон Файзиев.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Арвис зелал текстайл” то санаи якуми январи соли 2023‐юм 285,6 тонна нахи пахта қабул кардааст. То якуми январ 135 тонна нахи пахта коркард ва аз он 110 тонна калобаи пахтагин истеҳсол шудааст.
Ба ҳолати якуми январ дар анбори корхона 151 тонна нахи пахта мавҷуд мебошад. Таъкид гардид, ки ба коргоҳ бештар занон ҷалб гардида, ҳамчунин барои онҳо нақлиёти махсус ташкил шудааст. Кормандон имконият доранд, аз ҷамоату деҳоти дурдаст бе мушкилӣ ба ҷойи корӣ расанд. Доир ба таъминот бо ҷойи корӣ дар корхонаи ресандагии “Арвис зелал текстайл”муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Тоҳирзода Наимҷон иттилоъ дод, ки дар ин самт аз ҷониби шуъбаи агентӣ мунтазам дар давоми ҳафта ду маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардида истодааст. Барои ба кор ҷалб намудани сокинон ба шаҳру ноҳияҳои наздик, аз ҷумла Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Гулистон, ки ба ноҳияи Мастчоҳ ҷамоату деҳоти наздик доранд, корҳои ташвиқотӣ гузаронида шуда истодааст.
‐Агентӣ барои ба кор ҷалб кардани кормандон ба коргоҳи мазкур тамоми қувва ва неруи худро сафарбар кардааст ва ният дорем, ки корхонаи ресандагии “Арвис зелал текстайл” пурра бо кормандон таъмин шаванд. Алҳол шумораи бекорон дар вилоят 7050 нафар мебошанд, ки аз ин миқдор 3721 нафарашон зан ва 4563 нафарашон ҷавонон мебошанд, ки ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ‐гуфт номбурда.
Ҳамчунин қайд гардид, ки соли 2022 юм 20462 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуда, 318 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир карда шуд, 4649 нафар ба касбомўзонӣ фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 3855 нафарашон зан мебошанд. Бино ба иттилои масъулин, алҳол дар вилоят ҳашт коргоҳи ресандагӣ, аз ҷумла ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Сатн», ҶДММ «Сомон гурўҳ», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Стандарт текстил», Филиали ҶДММ «Арвис зелал текстайл» ва ҶДММ «Органик Ян» фаъолият доранд, ки дар давоми соли 2022 – ум 2530,2 тонна калобаи пахтагин истеҳсол кардаанд. Коркарди нахи пахта дар коргоҳҳои мазкур дар умум 2862,3 тоннаро ташкил додааст. Дубора ба кор андохтани коргоҳҳои аз фаъолиятбозмонда имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд гардида, сокинон бо ҷойи корӣ таъмин шаванд.
Дар ин раванд аз тарафи масъулин корҳои мушаххас ба анҷом расида истодааст ва барои ҳар чӣ тезтар бо ҷойи корӣ таъмин гардидани сокинони вилоят мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ доир гардида истодааст. Дар ин замина таъкид бояд кард, ки дар коргоҳҳои саноатии кишвар нақши занон муҳим арзёбӣ мегардад, зеро занон имконияти баробари мардон фаъолият намуданро пайдо кардаанд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”