Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ бо фаъолияти​ ҶДММ «Фирӯз»

12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Фирӯз» шинос гардид.

ҶДММ «Фирӯз» яке аз ҷамъиятҳои серсоҳа дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар корхонаи дӯзандагии он навъҳои гуногуни либосҳои варзишӣ, аз ҷумла кимоно истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда пурра аз пахта буда, ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар сехҳои корхона 80 нафар фаъолият дошта, сокинон бо маоши хуб таъмин мебошанд. Либосҳои варзишии истеҳсолшаванда ба бозори дохилӣ бароварда шуда, харидорони худро дорад. Маҳсулоти тайёр ҳамзамон ба Россия, Қазоқистон, Белорус ва дигар давлатҳо содирот карда мешавад.

Зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва номгӯи маҳсулот тавсияҳо дода, таъкид кард, ки аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи давлат пурсамар истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh