Шиносоӣ бо сохтмони корхонаи нави саноатӣ ва иншооти ёрирасони таълимӣ дар Хуҷанд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят бунёди иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз ҷониби ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» корхонаи коркарди санг бунёд шуда истодааст, ки масоҳати умумии корхона беш аз 1 гектар аст. Дар чунин масоҳат бинои маъмурӣ ва сехҳои истеҳсолӣ, коркарди санг ва маъмурӣ бунёд мегардад.

Корхонаи коркарди санг аз ҳисоби маблағҳои ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» сохта шуда, ҳаҷми маблағи сармоягузорӣ 1, 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷониби ширкат барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон дастрас карда шудааст. Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он барои 40 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам мегардад.

Корхонаи коркарди санг тибқи лоиҳаи сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосир сохта шуда истодааст.

Сипас, роҳбари вилоят аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон боздид кард. Дар донишгоҳ як бинои нави замонавӣ, толори барҳавои маҷлис, ошхона ва дигар иншооти ҷашнӣ барои истифодабарӣ омода шуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, пурра бо масолеҳи ватанӣ сохта шудааст. Иншооти навбунёд дорои 20 синфхона, 4 лабаратория, аз ҷумла лабаратории криминалистӣ, компютерӣ, студия, 4 синфхонаи лексионӣ буда бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон маҷлисгоҳ барои 800 ҷойи нишаст ва ошхона барои 300 ҷойи нишаст ба истифода дода хоҳад шуд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои пурра ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ, тақвияти корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба масъулини соҳаи сохтмон ва роҳбарияти шаҳр дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh