КОНСЕНТРАТ ВА МАЪДАН МАҲСУЛОТИ АСОСИИ СОДИРОТӢ

Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳанд, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Соҳаи саноат ҷузъи таркибии иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, саноатчиёни вилояти Суғд ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судмандро андешида истодаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар давоми нўҳ моҳи соли равон дар вилоят 130 корхонаву коргоҳи нав бо 2685 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати химия, металлургия, масолеҳи бинокорӣ, хўрокворӣ ва сабук таъсис дода, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.

Давоми моҳҳои январ‐сентябри соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 17,1 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои муқоисавӣ 2,6 миллиард сомонӣ зиёд аст. Суръати рушди саноати вилоят бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 122 фоиз баробар гардид. Бино ба иттилои масъулини соҳа, дар доираи таҷлили 35 солагии ҷашни фархундаи миллат – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 705 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 14,1 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд карда мешаванд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки соли равон коргоҳҳои хурду бузург бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат дар маросими ифтитоҳи расмии Заводи металлургии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кўҳӣ», “Талко голд”, «Ширеши тоҷик», «Ситораи Суғд», «МКМ Сомонӣ», «Нуртез», «Шарафи рўз», «Нури Истаравшан», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти шоколадӣ дар заминаи ҶДММ «Баракат Исфара», коргоҳи дўзандагӣ дар заминаи ҶДММ «Маҳсул», марҳалаи дуюми ҶДММ «Органик ян» иштирок ва дастуру супоришҳои муфид доданд, ки бешубҳа, ба рушди минбаъдаи саноати вилоят такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Имрўз дар вилоят коргоҳҳои саноатии бузург фаъолият доранд, ки баҳри ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар саҳми назаррас доранду дар он сокинони вилоят бо ҷойи кории доимӣ ва маоши баланд таъмин ҳастанд. Аз ҷумла, яке аз коргоҳи азими вилоят КМ “Зарафшон” – и шаҳри Панҷакент маҳсуб меёбад. Дар КМ “Зарафшон” дар давоми нўҳ моҳи соли равон 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Дар коргоҳи мазкур ба ҳолати якуми сентябр 1980 нафар корманд фаъолият бурда истодаанд, ки музди маоши миёнаи як нафар ба 10 945 сомонӣ баробар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1820 сомонӣ зиёд аст.

Тибқи маълумоти Раёсати гумруки вилоят солҳои охир содироти консентрат ва маъдан ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ табдил ёфтааст. Чунончӣ, моҳҳои январ сентябри соли 2022 ба маблағи умумии 521,1 миллион доллар ин намуди маҳсулот содирот шудааст, ки ба 65,7 фоизи тамоми содироти вилоят баробар аст. Коргоҳи азими вилоят ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ‐саноатии Тоҷикистону Хитой” дар давоми нўҳ моҳи соли равон ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кард, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,5 миллион сомонӣ зиёд буда, ба 105,2 фоиз баробар аст.

Алҳол дар коргоҳ 3460 нафар корманд фаъолият бурда истодаанд, ки нисбат ба соли сипарӣ 614 нафар зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнати кормандон ба 2969 сомонӣ баробар мебошад. Коргоҳ ба истихроҷи маъданҳои кўҳӣ машғул буда, маҳсулоти асосии он консентрати сурб ва консентрати руҳ мебошад. Чунончӣ, давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхона 60 ҳазору 812 тонна консентрати сурб истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 ҳазор тонна зиёд буда, ба 103,5 фоиз баробар аст. Инчунин, дар ин давра 94,5 ҳазор тонна консентрати руҳ ва 4,4 ҳазор тонна консентрати мис истеҳсол карда шудааст. Маҳсулоти коргоҳ содиротӣ буда, бештар ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ўзбекистон ва Чин содирот мешаванд.

Дар заводи металлургии ҶДММ “Ширкати кўҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой”, ки дар шаҳри Истиқлол ҷойгир шудааст, дар давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ 3863 тонна метали сурб истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 602,6 тонна зиёд буда, ба 118,5 фоиз баробар аст. Бояд илова намуд, ки дар корхонаҳои алоҳидаи соҳаи саноат музди миёнаи моҳонаи меҳнат вобаста ба хусу‐сиятҳои истеҳсолот фарқ мекунад. Масалан, музди миёнаи моҳонаи меҳнат дар кони ангишти “КФ Шахтаи Фон Яғноб”‐и ноҳияи Айнӣ 4749 сомонӣ, “Ширкати кўҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой” –и шаҳри Гулистон 2969 сомонӣ, корхонаи муштараки “Зарафшон” – и шаҳри Панҷакент 10,945 сомонӣ мебошад.

Мунтазам баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Тибқи ҳисоботи оморӣ шумораи рўйихати кормандони соҳаи саноат ба 30,6 ҳазор нафар ва музди миёнаи меҳнати кормандони соҳа ба 3027 сомонӣ баробар мебошад.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар вилояти Суғд бомаром идома дошта, саноатчиёни вилоят барои бо армуғонҳои шоиста истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30 солагии Иҷлосияи тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҳамаҷониба доранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh