7 километр роҳи деҳаи Навободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфарш карда мешавад

Дар доираи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад.

Бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳи деҳаи Навободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба масофаи 7 километр мумфарш гардида истодааст.

Роҳи деҳаи Навобод солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинон ҳал хоҳад шуд.

Фармоишгари корҳои роҳсозӣ Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, мумфаршкунии роҳро мутахассисони ширкати "Ваҳдат-2018" ба уҳда доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh