ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ СОДИРОТӢ АФЗУДААСТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 – уми марти соли 2008 оғоз гардид. Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 ҳамчун минтақаи маҳдуди шаҳри Хуҷанд бо мақоми махсуси ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои иқтисодӣ барои доираҳои соҳибкориву сармоягузории ватаниву хориҷӣ ташкил шудааст. Он шакли истеҳсолӣ‐инноватсионӣ буда, бо масоҳати умумии 320 гектар ба муҳлати 25 сол таъсис дода шудааст.

Дар ҳудуди МОИ “Суғд” низоми махсуси гумрукӣ ва андоз, инчунин тартиби соддакардашудаи бақайдгирии субъектҳо (корхонаҳо) амал мекунанд. Макони ҷойгиршавии он бо назардошти мавҷудияти инфрасохтори саноатӣ ва хатҳои алоқа, наздикии макони зисти сокинони шаҳр, мавҷудияти кӯпруки нав дар дарёи Сир ва имконияти дар оянда кашидани хати роҳи оҳан барои пайвасткунии МОИ “Суғд” интихоб шудааст. Яке аз хусусиятҳои муҳим дар интихоби ҷой барои ташкили бизнес, мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳисоб меравад. МОИ “Суғд” барои он корхонаҳое, ки мехоҳанд бо содироти мол машғул шаванд, муносиб аст. Алҳол дар МОИ “Суғд” 30 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 18 субъекти он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошад. Дар давоми ҳашт моҳи соли равон маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар минтақа 255,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ум 94 миллион сомонӣ ё 58,1 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонӣ дар ин давра 3,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳо 86,6 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ум 28,5 миллион сомонӣ ё 49,1 фоиз зиёд гардид. Бештар маҳсулоти истеҳсолии профилҳои алюминӣ ва пластикӣ, рангҳои ороишӣ, дучархаву аробачаҳои кӯдакона ва меваи хушк содирот мешаванд. Бояд қайд кард, ки бозори фурўши маҳсулоти субъектҳои МОИ “Суғд” ба ғайр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кишварҳо, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Олмон, Ироқ, Туркманистон ва Федератсия Россияро дар бар мегирад. Бино ба иттилои шуъбаи иттилооти маъмурияти МОИ “Суғд” Муҳайё Қаюмова дар ҳашт моҳи соли 2022 ҳаҷми сармоягузории мустақим 19,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз зиёд гардида, аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба 134,5 миллион сомонӣ баробар гардид. Шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар МОИ «Суғд» 773 нафарро ташкил дод.

‐Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра сармоягузорӣ асосан аз ҷониби 7 корхона, аз ҷумла ҶДММ “Оҳанкор”, ҶДММ “Азияполитекс”, ҶДММ “Донаи Алмос”, ҶДММ “Покзарф” ҶДММ “Хуҷанд Пласт”, ҶДММ КМ ТТ “Арча Мебел” ва ҶДММ КМ ТТ “Таҷпроф” хатти дуюм, таъмин гардид. Алҳол дар коргоҳҳои мазкур сохтмон, азнавсозӣ ва васлу насби таҷҳизот идома доранд. Коргоҳҳои мазкур дар доираи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта истодаанд, ‐гуфт Муҳайё Қаюмова.

Қайд гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби субъектҳои МОИ “Суғд” ба буҷети давлат 2,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохти андозҳои дахлдор (андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ) ворид гардид, ҳаҷми пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда дар субъектҳои МОИ “Суғд” 21,8 миллион сомониро ташкил дод.

‐Яке аз корхонаи мо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки тоҷикӣтуркии “Таҷпроф” субъекти комилҳуқуқи Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” мебошад ва фаъолияти ҷамъияти мазкур ин истеҳсоли профилҳои алюминӣ барои сохтани дару тиреза ва витражҳо ва маводи зичкунанда барои профилҳои алюминӣ мебошад. Ҷамъият фаъолияти истеҳсолии худро дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” моҳи июли соли 2013 оғоз кардааст ва то имрӯз сол аз сол ҷиҳати васеъгардонии иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот маблағҳои зиёд равона кардааст, афзуд номбурда. Қайд гардид, ки ҷамъияти мазкур сол аз сол нишондиҳандаҳои молиявӣ‐иқтисодии худро афзоиш дода, алъон яке аз истеҳсолкунандгони асосии профилҳои алюминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

‐Корхонаи дигари МОИ “Суғд” Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркиё «Силкоат Бойя» моҳи майи соли 2011 ҳамчун субекти МОИ «Суғд» ба қайд гирифта шудааст. Фаъолияти асосии ширкат истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти рангу лок мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда бо технологияи туркӣ ва бо таҷҳизоти истеҳсоли олмонӣ роҳандозӣ шудааст, ‐гуфт Муҳайё Қаюмова.

Таъкид гардид, ки барои истеҳсоли маҳсулоти корхонаи муштарак солҳои аввали фаъолият 90 фоиз ашёи хом аз хориҷа, аз ҷумла Туркия, Олмон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ворид мешуд. Лекин, ҳадафи асосии ин ширкат, вобаста ба талабот ва дархосту хоҳиши харидорон ва ҳам шарикон ин гузаштан ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ буд.

Аз ин лиҳоз, дар натиҷаи сайю кӯшиши пай дар пайи роҳбарони корхона ва бо ёрии мутахассисони вазоратҳо амалиёти ҷустуҷӯӣ аз қабили коркарди сангҳои мармарии ноҳияҳои мухталиф истифода бурда шуда натиҷаҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад. Алҳол, барои истеҳсоли маҳсулот, баъди гузаронидани якчанд ташхис дар ташхисгоҳҳои Туркия ашёи хоми ватанӣ истифода шуда истодааст ва вазни қиёсии он 20 фоиз Туркия ва 80 фоиз Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки воридотивазкунанда мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ашёи хоми ватаниро сангҳои мармари сафеди дараи Варзоб (ҶДММ “Тоҷик Карб”), санги ноҳияи Мастчоҳ (ҶДММ «Ҷобири Собир»), Мармари майдакардашуда (ҶДММ «Азиз‐2015»), сатилҳои пластикӣ (ҶДММ «СтарПласт») ва коғаз (тамғаҳои ҶДММ «UBTпринт») ташкил медиҳанд. Ҷамъияти ҶДММ КМ ТТ “Силкоат Бойя” оғоз аз соли 2012 то инҷониб, дар ҳамаи маъракаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки аз тарафи маркази сатандартизатсия ва палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо мазмуни маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини сол ташкил карда мешавад, фаъолона иштирок намуда, то ин дам, соҳиби зиёда аз 45 ифтихорномаву сертификат ва диплому сипосномаҳо гардидааст.

Таъкид гардид, ки маъмурияти МОИ “Суғд” минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда кӯшиш менамояд, ки ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ мунтазам тақвият дода, ҷашни таърихии 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh