МАБЛАҒИ ҚАРЗИ ҚУВВАИ БАРҚ ВА ОБИ ПОЛЕЗӢ РЎЁНИДА ШУДААСТ!

- Дар давоми шаш моҳи соли равон вазъи иҷрои қонунҳо оид ба буҷет, замин, энергетика, моликияти давлатӣ ва иҷора, фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодии хориҷӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳифзи саломатӣ, меҳнат ва нафақа, ҳифзи муҳити зист, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, андозу гумрук, маориф ва ғайра дар фаъолияти мақомоту муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои соҳаҳои мухталиф зиёда аз 971 маротиба мавриди санҷиш қарор дода, дар раванди онҳо 19486 қонунвайронкунии гуногун ошкор шудааст, ки 7282 адади онҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 645 адад ҷиноят мебошанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода.

Ҳамчунин, прокурори вилоят қайд кард, ки баҳри бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, инчунин баррасии ҷавобгарии шахсони гунаҳкор 3557 амр дода, 2340 эътирози назоратӣ оварда, 1840 пешниҳод бароварда шудааст.

- Дар соҳаи иқтисодиёт ҳамагӣ 327 санҷиши прокурорӣ гузаронида, 7488 қонунвайронкунӣ ошкор, дар 270 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки аз онҳо 59 ҷинояти коррупсионӣ ва 85 ҷинояти хусусияти коррупсионидошта мебошанд. Аз ҷумла, 47 парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, 59 парванда марбут ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин, 10 парванда вобаста ба иҷро накардани уҳдадории андоз ва 12 парванда марбут ба вайрон кардани қонунгузории гумрук мебошад, гуфт прокурори вилоят.

Ҳамчунин, прокурори вилоят аз қарздории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз истифода қувваи барқ ва оби полезӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҷиҳати кам кардани онҳо аз тарафи мақомоти прокуратураи вилоят пайваста чораандешӣ карда шудааст. Оид ба масъалаи мазкур 55 санҷиши прокурорӣ гузаронида, дар асоси он 44,6 миллион сомонӣ маблағи қарзи қувваи барқ ва 1,6 миллион сомонӣ маблағи қарзи оби полезӣ рӯёнида шудааст.

Доир ба пардохтани ҳаққи музди меҳнат иттилоъ дода шуд, ки дар раванди санҷишҳои прокурорӣ ба таъхир андохтани музди меҳнати 19992 нафар ба маблағи 36,09 миллион сомонӣ ошкор карда, тавассути додани амрҳои прокурорӣ пардохти онҳо таъмин шудааст. Барои роҳ надодан ба ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон 106 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 28 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, дар се ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудаанд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба вазъи ҷиноятсодиркунӣ, худсарона ишғол кардани замин, сӯиқасд ба ҷони худ ва куштор, бекор шудани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи прокуратура суолҳо пешниҳод карданд.

Ш. ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh