Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти гуногун дар Истаравшан
- Details
- Published on Monday, 04 July 2022 16:57
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 400 иншооти гуногун бунёд карда мешавад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр иттилоъ дода шуд.
Чуноне маълумот доданд, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истаравшан корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, дар панҷ моҳи соли равон 32 иншоот ба истифода дода шудааст.
Раиси вилоят аснои боздид бо сохтмони қасри фарҳанги шаҳр, бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, бинои Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, биноҳои баландошёнаи истиқомативу марказҳои хизматрасонӣ шинос шинос гардида, барои иҷрои босифати корҳо ва густариши бунёдкориҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ҷараёни васлу насби технологияҳои муосир дар корхонаҳои саноатии шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба фаъолияти соҳибкорони шаҳр баҳои баланд дод. Таъкид карда шуд, ки дастовардҳои соҳаи саноат дар панҷ моҳи соли 2022 назаррас буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 282 млн. 201,9 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 млн. 346,4 ҳазор сомонӣ ё 127,8 фоиз зиёд мебошад.
Новобаста аз ин, роҳбари вилоят бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи шаҳр барои ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр ва татбиқи лоиҳаҳои нав ба масъулин дастур дода, илова намуд, ки ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Дар охир Раиси вилоят собиқадори меҳнат Мунаввара Маҳмудоваро аёдат карда, ба ӯ тансиҳативу хотирҷамъӣ орзу намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд