ТАЛАБОТ ВА ИҶРОИ ҚАРОР ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?

Аз 28 – уми майи соли 2022, таҳти рақами 264 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи манъ намудани воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расидааст. Барои иҷроиши Қарори мазкур мақомоти дахлдор вазифадор карда шудаанд. Ҳанӯз санаи 3 – юми марти соли 2011, таҳти рақами 97 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 – уми майи соли 2011, таҳти рақами 175 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ба тавсиб расида буд. Дар ин самт Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд кадом корҳоро ба сомон расонид. Оё иҷроиши қарори мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст? Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ба сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Носирҷон Яқубов муроҷиат кардем.

- Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар самти гузариш ба лампаҳои каммасрафи барқӣ кадом чораҷӯиҳоро роҳандозӣ кард?

- Тибқи қарори Раиси вилоят «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 – уми апрели соли 2009, № 653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷўёнаи энергия» аз 1 – уми майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз ва таъмин гардида, айни ҳол дар ин самт корбарӣ идома дорад.

Гузаштан ба лампаҳои каммасрафи барқӣ оид ба сарфаҷўёна истифодабарии энергия ба корхонаҳою муассисаҳо ва аҳолӣ таъсири мусбати худро расонидааст. Ҳамзамон, дар баробари ин, муаммои ифлосшавии муҳити зист бо лампаҳои каммасрафи аз истифода баромадаи симобдор ба миён омада, аз тарафи мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақомоти ҳифзи муҳити зист чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Солҳои қаблӣ то ташкили нуқтаҳои қабул, барасмиятдарорӣ, супоридани лампаҳои корношоям аз тарафи аҳолӣ, фурўзонакҳо, асбобҳо ва таҷҳизоти симобдори аз истифодабаромада ба ҷойҳои ғайрирасмӣ ва номаълум партофта мешуд ва дар натиҷа муҳити зист ифлос мегардид. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ба тавсиб расида, «Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкили нигаҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо» тасдиқ гардида буд.

Дар давраи аввали амали қарори мазкур, бо мақсади таъмини риояи талаботи қоидаҳои номбаршуда Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят як қатор корҳоро ба сомон расонид. Дар ин самт доир ба риояи қоидаҳои мазкур бо мақсади ҳалли муаммоҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, безараргардонӣ ва истифодабарии дубораи лампаҳо бо иштироки сохторҳои дахлдор корҳои мушаххас амалӣ шуданд. Аз ҷумла дар ҳудуди вилоят бо ташаббуси Сарраёсат аксияи «Интихоби ман муҳити тоза!» баргузор гардида буд, ки ҳадафи асосии он ҷамъоварӣ намудани фурўзонакҳои каммасрафи корношоям аз аҳолӣ ва бо ин восита ҷалби шаҳрвандон барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва дар ин самт баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ буд. Назорати рафти иҷрои қарор ба зиммаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор шудааст. Бинобар он ҳар сол дар асоси нақшаи корӣ аз тарафи нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист санҷишҳои соҳавиро дар ин самт гузаронида, ҳангоми ошкор гардидани камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.Санҷишҳо нишон доданд, ки ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ ба низом дароварда шуда бошад ҳам, ҷойҳои қабул ва нигоҳдории лампаҳои корношоям аз ҷиҳати ба талаботи ба навъҳо ҷудо намудан ва нигаҳдорӣ на дар ҳама ҳолат ба қоидаҳои тасдиқгардида мувофиқат мекард. Инчунин, на дар ҳама нуқтаҳои қабул баҳисобгирии чунин лампаҳо ба роҳ монда шуда буд. Баҳри ислоҳи камбудиҳо, мувофиқи талаботи қоидаҳо, роҳандозии фаъолият ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, ҳангоми гузаронидани санҷишҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ амалӣ гардидаанд.

- Оё дар ҳолати ҷамъоварӣ ва коркарди лампаҳои каммасрафи симобдор қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст?

- Тибқи маълумоти мавҷуда, аз соли 2011 то моҳи апрели соли 2022 ум 504663 адад лампаи каммасрафи симобдори аз истифода баромада дар нуқта ва анборҳои махсус қабул шудааст. Соҳибкори инфиродӣ А.Ҳ.Раҳимов баҳри пешгирии ифлосшавии муҳити зист, иқдоми ҷамъоварӣ ва коркарди лампаҳои каммасрафи симобдор, аккумулятор ва батареяҳоро пеша кардааст. Соҳибкор бо мақсади роҳандозӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати ба даст овардани фоида, тибқи Иҷозатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории лампаҳои каммасрафи симобдор ва люминиссентии аз истифода баромада машғул гардида, аз сохторҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандон лампаҳои аз истифода баромадаро бо гирифтани маблағҳои муайян, гирдоварӣ ва ба анбори ҶСК «Чароғ»‐и шаҳри Исфара интиқол ва нигоҳ дошта истодааст.

Мувофиқи ҳисобот корхона, ташкилот ва муассисаҳо бо бастани шартномаҳои тарафайн 152719 лампаи каммасрафи симобдори аз истифода баромадаро ба соҳибкори инфиродӣ А.Раҳимов барои коркард ва безарар гардонидан супоридаанд. Барои риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдани партовҳои саноатии токсикӣ, риоя накардани Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ташкили нигоҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо нисбати директори ҶСШК “Чароғ”‐и шаҳри Исфара бо моддаи 239‐и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

- Дар қаламрави вилоят таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада мавҷуд аст?

- Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва безараргардони лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромада Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят як адад таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи “ЭКОТРОМ‐2” 150‐300 истеҳсоли Федератсияи Россияро харидорӣ кардааст. Ҷиҳати ба кор андохтан таҷҳизоти мазкур аз тавозуни Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба тавозуни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Чароғ”‐и шаҳри Исфара гузаронида шуд. Ҳолати воқеӣ ва истифодабарии таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори тамғаи “ЭКОТРОМ‐2” дар ҶСК “Чароғ”‐и шаҳри Исфара аз назар гузаронида шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки бо гузашти муҳлати муайян ҶСК “Чароғ”‐и шаҳри Исфара таҷҳизоти таъиноти ҳифзи муҳити зист, бо сабаби барои тоза кардани партов, ғайриқаноатбахш амал кардан ва дигар оқибатҳои зарарнок мавриди истифода қарор дода нашудааст.

- Дар миқёси вилоят чанд нуқтаи қабули лампаҳои каммасрафи корношоям мавҷуд аст?

- Дар миқёси вилоят 272 нуқтаи қабул, аз ҷумла дар корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо 52 адад ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ 220 адад ташкил шудааст. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромада, инчунин истифодаи самаранокии таҷҳизоти таъиноти ҳифзи табиат, таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромадаи тамғаи “ЭКОТРОМ 2” ро дар базаи ҶСК “Чароғ” и шаҳри Исфара бо ҷалби мутахассис аз Федератсияи Россия насбу васл ва омода кард.

 Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарорҳои дахлдорро ба тавсиб расонида, намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, корхонаю ташкилотро ҷиҳати ташкили нуқтаи қабул, ҷамъоварӣ, нигоҳ доштан ва безарар гардонидани лампаҳои каммасрафи барқии люминиссентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада ва барои истифода корношоям аз аҳолӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳавасмандкунии онҳо вазифадор кардааст.

Суҳбаторо

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh