Форуми тиҷоратии минтақаҳои Суғд ва Қайсарӣ

18 май дар шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия Форуми тиҷоратии соҳибкорони Суғд ва Қайсарӣ баргузор гардид.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, масъулини Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати Қайсарӣ, соҳибкорони тоҷику турк иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов вобаста ба вазъи соҳаи саноат, фазои мусоиди мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ, имконоти фароҳамшуда барои рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти корхонаҳои муштарак маълумот доданд.

Миёни соҳибкорони ду тараф мулоқоту музокироти озод низ сурат гирифта, ҷонибҳо роҷеъ ба имкониятҳои ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh