Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад.

5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Истаравшан бо фаъолияти корхонаҳои ҶДММ “Файзи тиҷорат”, ҶДММ “Сими стандарт” ва корҳои васлу насби таҷҳиҷот дар ҶДММ “Зиё-Нур” шинос шуд.

Корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи тиҷорат» дар деҳаи Ругунди Ҷамоати деҳоти Сабристон ҷойгир ва ба истеҳсоли маҳсулоти пахтагин  машғул аст. Барои таъмини фаъолияти муназзами корхонаи коркарди пахта хатҳои нави истеҳсолӣ аз Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ворид ва насб гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сими стандарт» бошад ба истеҳсоли мех ва симтӯрҳои гуногунҳаҷм машғул аст. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки бо истифода аз дастгириҳои давлату Ҳукумат фаъолияти худро васеъ ва номгӯи маҳсулотро бештар намояд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зиё-Нур” васлу насби хатҳои нави истеҳсолӣ чараён дорад. Дар ин корхонаи саноатӣ масолеҳи пластикӣ ва бозичаҳои бачагона истеҳсол шуда, баъди ба итифода додани он беш аз 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Бо харҷи 1 миллион сомонӣ таҷҳизот ва хатҳои нави истеҳсолӣ аз Федератсияи Россия ва Чин ворид карда шуда, айни замон корҳои омодагӣ барои роҳандозии фаъолият идома дорад. Маҳсулоти  корхона ба кишварҳои Осиёи Миёна содирот карда мешавад.

Раиси вилоят ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати ба роҳ мондани маҳсулоти содиротӣ истиқбол карда, таъкид кард, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии кишвар бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh