Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

24 январи соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.

Дар кори машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят,  роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони бархе шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 20 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти панҷсолаи рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Саноатчиёни вилоят дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 20 миллиарду 944,0 миллион сомонӣ расониданд ва суръати афзоиш дар сатҳи 131,3 фоизи ҳамин давраи соли  2020 таъмин гардид.

Бо дарназаргирии захираву имкониятҳо дар панҷ соли оянда метавон дар ҳудуди вилоят то 500 адад корхонаҳои саноатӣ бунёд кард, ки дар ин самт масъулин бояд ҳисобу китоб ва тадбирҳои судбахшро роҳандозӣ намоянд.

Дар соҳаи кишоварзӣ низ имкониятҳо фаровон буда, ҷиҳати истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат бояд чораандешӣ карда шавад.

Ба масъулин ҳамзамон барои тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, омодагиҳо ба мавсими нави кишту кор, аз ҷумла кишти картошкаи барвақтӣ, истифодаи самараноки гармхонаву сардхонаҳо супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh