ОБОД НАМУДАНИ МАНЗИЛ - ЭҲТИРОМ БА САРЗАМИНИ КИШВАР

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» эълон гардида буд. Он санаи 10-уми январи соли 2022-юм ҷамъбаст гардида, дар бахши деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мақоми 2-юмро сазовор гардид. Раиси ҷамоати мазкур Абдуваҳҳоб Муродов иброз дошт, ки сокинони ҷамоат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдории хешро баён месозанд, зеро давлату Ҳукумат баҳри шукуфоӣ ва оромиву тинҷии кишвари азиз саъю талошҳои шабонарӯзӣ доранд. Гузаронидани чунин озмунҳо нишони ободонӣ ва эҳтиром ба сарзамини кишвар аст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки Ҷамоати деҳоти Унҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ гардида, масоҳати умумии он 2537 гектар аст. Шумораи умумии аҳолии деҳот беш аз 52 ҳазор нафар мебошад. Ба ҳайати Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҳафт деҳа, аз ҷумла Унҷӣ, Сафедтеппа, Арбоб, Қишлоқиҷон, Матаиб, Даштак ва Мусаффо шомил буда, дар байни онҳо деҳаи Унҷӣ аз ҳама калонтарин мебошад. Дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ 8479 хоҷагӣ ва 24 кумитаи маҳала ба қайд гирифта шудааст.

Дар асарҳои таърихнигорон деҳаи Унҷӣ ҳамчун мавзеи боғ ва макони истироҳати шаҳриён тасвир гардидааст. Шуғли асосии аҳолӣ заминдорӣ, киштукор ва боғдорӣ буда, баъдтар чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Аҳолии деҳа бо ғалла ва пахта бештар сарукор дошта, бозори марказии шаҳри Хуҷандро бо маҳсулоти тару тоза таъмин месозанд. Ҷамоати деҳоти Унҷӣ соли 1928 ташкил гардида, соли 1968 ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов аз ҷамоати мазкур ҷудо шудааст. Дар ин солҳо дар ҳудуди ҷамоат таҳти роҳбарии раиси овозадори колхоз Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Саидхуҷа Ӯрунхоҷаев муваффақиятҳои беназир ба даст оварда шуд. Дар он солҳо колхоз яке аз хоҷагиҳои пешқадамтарини вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз ҷумла пахта, пилла, гӯшт ва шир пешқадамтарин ба шумор мерафт.

Ҳамзамон, аз тарафи раисони кумитаи маҳалла ва сокинон нисбат ба ободонӣ корбарӣ, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҷои зист тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Корҳои ободонӣ аз қабили кофтани чоҳи амудӣ, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ, мумфаршкунии кӯчаҳои ҳудуди ҷамоат ба масофаи 17 километру 500 метр, сохтани гармхона ба масоҳати 0,10 гектар дар деҳаи Мусаффо аз тарафи рушди деҳот «Соф», насби трансформатор ва симчӯбҳои оҳанину бетонӣ, шағалпӯш намудани роҳ, чароғонкунии кӯчаҳо, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, сохта, ба истифода додани маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино», маркази савдо ва тарабхона, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 50 метр, таъмири асосии бинои ҷамоат, ба истифода додани як қатор мағоза ва ташкили нуқтаи савдо, маркази омӯзиши забон, сартарошхона, кошонаи ҳусн, нуқтаи таъмири пойафзол, сехи дӯзандагӣ бо дастгирии соҳибкорону сокинон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иҷро расида, симои ҷамоат куллан тағийр ёфт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳудуди ҷамоат ҳафт муассисаи таълимӣ, як гимназия, як муассисаи таҳсилоти иловагии №6 ва ду кӯдакистон амал менамоянд, ки дар он 733 нафар омӯзгор ба 12 ҳазору 237 хонанда таълим медиҳанд. Дар соли 2021-ум 105 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ҷамоат ба олимпиадаҳои ноҳиявӣ, 65 нафар ба вилоятӣ ва 20 нафар ба ҷумҳуриявӣ, 13 нафар дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок ва сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданд.

- Боварии комил дорам, ки мардуми бонангу номуси Ҷамоати деҳоти Унҷӣ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Раиси вилоят кӯшиш намуда, бо меҳнати софдилона, азми қавӣ ва ташаббусҳои наҷиб баҳри рушди имрӯзу фардои кишвари азиз саҳми босазое мегузоранд, - иброз дошт Абдуваҳҳоб Муродов.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ободонии маҳал аз кӯча, аз одамони он, аз манзили зист ибтидо мегирад. Ва қалби ҳар инсон, дар кадом гӯшаи дунё, ки бошад, боз ҳам дилбастаи обу хоки диёр, ҳамон кӯча, ҳамон роҳе аст, ки дар он тифлияш сипарӣ шудаасту мардумонаш ба ӯ меҳр нисор кардаанд. Ва ҳар фард, ки сарзаминаш баҳри ӯ азиз аст, мехоҳад, барои ободии маҳалли зисташ каме бошад ҳам, саҳми худро мегузорад. Хушбахтона, чунин инсонҳо дар ҷомеаи мо имрӯз бисёр гардидаанд, ҳатто, мешунавем, ки аз шаҳру мамлакатҳои дур истода, баҳри ободии маҳалли зисти худ, зодгоҳи худ маблағи пасандоз мефиристанд, то сарзаминашон боз ҳам гул-гул шукуфон бошад.

Дар ҷамоати овозадори Унҷӣ низ амалҳои ободкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён дошта, сокинон баҳри беҳбуд бахшидан ба рӯзгори худ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зиндагии шоиста заҳмат мекашанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

суратгир Иномҷон Рабизода

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh