НАТИҶАҲО БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар бинои Прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят баргузор гардида, дар он натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар хусуси фаъолияти мақомоти прокуратаи вилоят дар соли 2021 прокурори вилоят Хоҷазода Фурқат Файзалӣ фикру андешаи худро баён намуда, зикр кард, ки баҳри муайян кардани вазъи иҷрои воқеии қонунҳо ҳамагӣ 1687 санҷиши прокурорӣ гузаронида шудаанд.

Дар натиҷаи онҳо зиёда аз 28365 адад қонунвайронкунии мухталиф ошкор гардида, баҳри бартараф сохтани онҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ва баррасии ҷавобгарии шахсони гунаҳкор 4975 амр дода, 3209 эътирози назоратӣ оварда, 2662 пешниҳод бароварда, 1059 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардиданд.

Дар асоси ин санадҳои прокурорӣ 4068 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 1339 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 11058 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 324,1 миллион сомонӣ зарарҳои моддӣ, ҳамзамон, ҳуқуқҳои вайроншудаи 33793 нафар шаҳрванд, аз ҷумла 84 нафар ноболиғу ҷавон барқарор гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ тафтишоти пешакии 994 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 1124 нафар ба охир расонида, барои баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шудааст.

Дар судҳои шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баррасии 663 адад парвандаи гражданӣ, аз ҷумла 19 адад оид ба барқарор намудан ба ҷойҳои корӣ, 66 адад оид ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ва ҳамзамон дар суди марҳалаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии 65 адад парвандаи гражданӣ иштироки прокурор таъмин гардидааст. Ғайр аз ин, ҳангоми баррасии 1426 адад парвандаи маъмурӣ дар судҳои марҳалаи аввал ва 19 адад парвандаи маъмурӣ дар судҳои марҳалаи кассатсионӣ иштироки прокуророн ба роҳ монда шуд. Ба судҳои шаҳру ноҳияҳо 148 адад аризаи даъвогӣ ба маблағи 9,06 миллион сомонӣ оварда шуда, 146 адади он ба маблағи 7,9 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 123 адад ба маблағи 6,82 миллион сомонӣ қонеъ ва 23 адад бинобар ихтиёран барқарор шудани зарар ба маблағи 611,4 ҳазор сомонӣ қатъ шуд.

Ба суди иқтисодӣ бошад, 57 аризаи даъвогӣ ба маблағи 98,3 миллион сомонӣ оварда шуда, аз ҳисоби онҳо ва аризаҳои даъвогии аз соли қаблӣ боқимонда 53 адад ба маблағи 63,8 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 49 адад ба маблағи 63,7 миллион сомонӣ қонеъ гардонида шуд. Ғайр аз ин, ҳангоми баррасии 2797 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 3263 нафар дар суди марҳалаи якум иштироки айбдоркунандагони давлатӣ таъмин шудааст. Ба ҳукмҳо ва дигар санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ 74 эътирози кассатсионӣ ва 49 эътирози назоратӣ оварда шуда, аз онҳо мутобиқан 69 ва 56 (бо бақия) ададӣ баррасӣ гардида, 65 ва 47 ададӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар давоми сол 3267 адад муроҷиати шаҳрвандон ва 146 адад муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, мувофиқан 825 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ва 49 адад муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ қонеъ гардонида шудааст.

Ҳамзамон, 47 адад дархости байналмилалӣ марбут ба таъқиби ҷиноятӣ ба иҷро расонида, инчунин баҳри истирдоди 29 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ чораандешӣ карда, аксарияти онҳо оварда, парвандаҳои ҷиноятӣ нисбаташон барои баррасӣ ба судҳо ирсол гардидааст.

Ҷаласа бо иштироки муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон Ҳамдам ба вуқўъ пайваст.

Пайрав МИРИНОЯТ,

ёрдамчии калони прокурори вилоят

Add comment


Security code
Refresh