Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо раванди корҳои ободонию созандагӣ ва сохтмони иншооти гуногун шинос шуд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Гулистон имрӯзҳо таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Темурмалик ва сохтмони бинои маркази таҳсилоти иловагӣ, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кӯдакистони "Бобуна" ҷараён дорад.

Раиси вилоят сохтмони иншооти зикршударо мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр дастур дод ва таъкид кард, ки дар шаҳр дар оянда низ иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh