ЗАҲМАТИ ФИДОКОРОНА– БАЁНГАРИ ПЕШРАФТУ ОБОДКОРИҲО
- Details
- Published on Friday, 21 January 2022 10:48
Аз солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди кишвари азизамон ба роҳ монда шуда, қисми зиёде аз он ба анҷом расид. Дар ин давраи кўтоҳи таърихӣ ҳама соҳаҳои муҳими мамлакат бесобиқа рушд намуда, бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёде ноил гардид.
Ба истиқболи ҷашни таърихӣ дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияи Айнӣ бунёд, таъмир ва навсозии 500 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамаи он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Сокинони меҳнатдўсти деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар аз раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ руҳбаланд гардида, дар ободонии маҳали зист саҳми худро гузоштаанд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки баҳри обод намудани манзили зист, таъмири бинои клуби деҳа, сохтмони мағозаи тиҷоратӣ аз тарафи соҳибкор Алиназар Умарқулов, сохтмони дарвозаи даромадгоҳи деҳа аз тарафи соҳибкор Муллоҳабиб Сайфиддинов, ташкили боғчаи бачагона дар бинои куҳнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15, таъмиру мумфарш намудани роҳҳои деҳа ва чароғонкунии кўчаҳо ба иҷро расонида шуд. Самараи заҳмату талошҳои роҳбарияти ҷамоату сокинон ва соҳибкорони муваффақи деҳа буд, ки санаи 10-уми январи соли ҷорӣ дар озмуни вилоятии «Оила, кўча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин», бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар бахши «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Зеробод сазовори ҷойи якум гардид.
Оид ба дастоварду муваффақиятҳои ҷамоат бо раиси он Икромҷон Устоев ҳамсуҳбат шудем. Номбурда иброз дошт, ки масъулин ва сокинони ҷамоати деҳоти мазкур ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ва нишондиҳандаҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни таърихии кишвар, тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, якчанд иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қобили қайд аст, ки дар баробари дигар иншооти ҷашнӣ имсол барои мардуми ҷамоат соли хотирмон буд, зеро дар соли ҷашни таърихӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеробод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки бинои нави муассисаи таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати муҳайёсозии шароити беҳтари таълиму тарбия барои насли наврасу ҷавон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ҷавобгў ба талаботи муосир сохта шудааст. Иншооти хуштарҳу муосири таълимӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст ва 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои фаннии химия, физика, математика, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ барои омўзгорону кормандон,инчунин ҳуҷраҳоиёрирасон иборат мебошад. Китобхонаи муассиса, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб таъсис ёфтааст, дорои 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни бадеию фаннӣ мебошад.
Ҳамзамон, барои хонандагон утоқи алоҳидаи мутолиа бо шароити муосир ташкил гардидааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо хонандагонро мебояд бо истифода аз имконоти мавҷуда ба омўзиши хуби барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омўзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи ҳадафи “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” машғул шаванд ва дар оянда ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намоянд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар бинои нави муассисаи таълимӣ, ҳамзамон бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш толори муосири варзишӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон сохта шудааст. Дар толори варзишии мактаб барои баргузории бозиҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш шароити хуб мавҷуд мебошад. Хонандагону дигар бошандагони деҳаи Зеробод акнун имкон доранд, ки бо истифода аз шароити муҳаёгардида дар толори варзиши ин муассиса ба обу тоби бадан машғул шуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд. Ҳамчунин, бо дастгирии аҳли деҳа, шахсони саховатпеша ва муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии шафати роҳи калони деҳа бо шинонидани 750 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ, рангу бори кўчаҳои марказӣ ва насби шиору овезаҳо оро дода шудааст.
Дар деҳаи мазкур ҳамзамон коргоҳи оби нўшокии ташнашикани «Санги гирён» ва осоишгоҳи «Санги гирён» бо роҳбарии соҳибкори муваффақи деҳа Ҳоҷӣ Бердиев хуб фаъолият дошта, саҳми он дар ободии деҳа назаррас аст. Сокинони шарафманди деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар - Дари ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди ватандўстӣ баҳри амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии деҳаи худ ҷаҳду талош доранд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»