Тақвияти корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ дар шаҳри Хуҷанд

16 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи маъракаи кабудизоркуниву хуррамгардонӣ дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ зиёда аз 50 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи тавсияи мутахассисон беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда моҳҳои январ ва феврал мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мутахассисон тавсия медиҳанд, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохтори ободонӣ барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳои сабзу хуррамгардонӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh