Раиси вилоят кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро бо иди касбиашон табрик намуд

Бахшида ба Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола 10 январ таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Раиси вилоят зимни иштирок дар ҷамъомад кормандон ва собиқадорони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоятро бо иди касбӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Гуфта шуд, ки таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.

Вазифаҳои мақомоти мубориза бар зидди коррупсия муҳимму мураккаб буда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона гардиданд ва бинобар ин, аз кормандон донишу малакаи пухтаи касбӣ ва масъулияти баландро тақозо мекунад.

Таҳлили кори Раёсати Агентӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки кормандони он вазифаҳои худро иҷро менамоянд, дар фаъолияти худ қонуниятро риоя карда, барои пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар ин самт тамоми чораҳоро андешида истодаанд.

-Боварии комил дорам, ки кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар оянда низ ҷиҳати татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои неку созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувва, маҳорат ва малакаи касбии худро ҳаматарафа баҳри бунёди давлати демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ ба кор хоҳанд бурд,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Дар охир ба як қатор фаъолони раёсат Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh