Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз корхонаҳои саноатии ҶДММ “Юсуфсаркор” ва ҶСП “Зуҳал” боздид намуда, бо фаъолияти онҳо шинос гардид.

ҶДММ “Юсуфсаркор” ба коркарди пахта ва истеҳсоли равған машғул буда, соли равон наздик шаш ҳазор тонна пахта қабул намудааст. Дар ин корхона 50 нафар кор мекунанд ва дар мавсими имсола беш аз чор ҳазор тонна пахтаи қабулшуда коркард шудааст. Дар корхона ҳамзамон равған низ истеҳсол шуда, ба бозорҳои вилоят ба фурӯш гузошта мешавад.

Барои истеҳсоли равған аз хориҷи кишвар технологияи зарурӣ ворид карда шуда, бо истифода аз имкониятҳо ҷойҳои корӣ зиёд гардида истодааст.

ҶСП “Зуҳал” низ ба истеҳсоли равған машғул буда, барои истеҳсоли равғани офтобпараст ашёи хом аз Қазоқистон ворид мегардад. Дар ин корхона бо тамғаҳои “Зуҳал”, “Империя” ва “Аслия” равған истеҳсол ва барои фурӯш ба бозор бароварда мешавад.

Истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда имкон медиҳад, ки махсулоти ватанӣ истифода гардида, сокинон бо ҷойи корӣ ва зиндагии шоиста таъмин карда шаванд. Дар баробари истеҳсоли равған дар назди ҶСП “Зуҳал” коргоҳи истеҳсолии “Париноз” низ фаъолият дорад, ки маводи шустушӯӣ истеҳсол менамояд. Дар ин коргоҳ 15 нафар соҳиби ҷойи кор буда, маоши хуб мегиранд. Дар “Париноз” моеҳо барои зарфшӯӣ ва собунҳои гуногун истеҳсол гардида истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоиҳо ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ супоришҳо дода, таъкид кард, ки барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh