Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рўзи кормандони мақомоти молия

Кормандони мақомоти молия дар вилоят ва собиқадорони соҳаи молияро бо иди касбӣ - Рўзи кормандони мақомоти молия табрику муборакбод намуда, барояшон саодати бегазанд, тансиҳатӣ ва комёбӣ дар иҷрои вазифаи хизматӣ таманно дорам.

Рушду такомули низоми молиявӣ аз сиёсати меҳварии давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, ғанӣ гардонидани буҷаи давлат, истифодаи мақсаднок ва босифати маблағҳои буҷавӣ баҳри муваффақона ноил шудан ба ҳадафи асосии давлат - таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат вобастагии калидӣ дорад. Ботадриҷ ва пайваста баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, дастгирии маъюбону ниёзмандон, торафт паст гардидани сатҳи камбизоатӣ нишонаи бомуваффақият амалӣ гардидани сиёсати молиявии давлат мебошад.

Аз таваҷҷуҳу эътибори ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти босамари кормандони соҳа аст, ки сол аз сол иди касбии кормандони мақомоти молия дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Нақши кормандони мақомоти молия дар пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он, ки пояи асосии устувории давлат аст, назаррас арзёбӣ мегардад.

Пешвои муаззами миллат дар самти ислоҳоти иқтисодӣ - молиявӣ ва такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии низоми молияи кишвар ибрози назар карда, зикр кардаанд: "Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем".

Хеле рамзист, ки имсол таҷлили Рўзи кормандони мақомоти молия ба солгарди ҷашни бошукўҳи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Бояд гуфт, ки дар бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодии вилоят саҳми кормандони молия дар вилоят хеле назаррас аст. Онҳо бо ҳисси баланди масъулият вазифаи пурмасъулияти хешро дар таъмини босифати нақшаи даромаду хароҷоти буҷет, шаффофу самаранок истифода бурдани маблағҳо сарбаландона ва бо дасту дили пок ба сомон мерасонанд. Ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ, таъмини босуботи молиявии кишвар, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мақомоти молия маҳсуб меёбад.

Бори дигар ҷомеаи меҳнатии мақомоти молия дар вилоят ва собиқадорони соҳаро бо Рўзи кормандони мақомоти молия муборакбод гуфта, изҳори боварӣ менамоям, ки минбаъд низ дар рушду нумўи Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Иди касбӣ муборак!

Add comment


Security code
Refresh