ИҚТИСОДИЁТ БЕҲ ВА САТҲИ ЗИНДАГӢ БАЛАНД МЕШАВАД

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамасола 7-уми декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ рўзи кормандони мақомоти молия таҷлил мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти молияи кишвар беш аз пеш эътибор медиҳад, зеро кормандони ин соҳа дар рушду нумўи сиёсати буҷет ва андоз, ба ин васила пеш бурдани ҷомеаи мутамаддин, мавқеи устувор доранд. Хабарнигори ҷамоатии рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” дар арафаи иди касбии молиячиён бо сардори Сарраёсати молия дар вилояти Суғд, Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Мирзозода сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мухтасари гуфтугӯи онҳо ба муштариёни ҷарида манзур мешавад.

- Анвар Сайфиддинии гиромӣ, пеш аз ҳама, Шумо ва кулли кормандони Сарраёсати молия дар вилоят ва сохторҳои маҳаллии онро бо Иди касбиатон табрику муборакбод менамоям.

- Барои шодбошӣ сипосгузорам. Таманно дорам, ки осмони Тоҷикистон софу беғубор, диёр обод ва мардумаш ҳамеша шод бошад. Орзу мекунам, ки сатҳи зиндагии бошандагони кишвар торафт баланд шуда, мамлакати мо солҳои наздик дар қатори давлатҳои пешрафтаи олам қарор бигирад! Сониян, ҳамкорони азизу иззатманд, собиқадорони соҳа ва ҳамаи кормандони мақомоти молияи кишварро аз номи худам ва кулли кормандони Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молияи кишвар табрику таҳният гуфта, тансиҳатии комил, хотирҷамъии ҳамешагӣ ва дар фатҳи қуллаҳои азими меҳнатӣ дастовардҳои назаррас орзу менамоям.

- Мардуми Тоҷикистон чанде пеш ҷашни ҳумоюнии миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати беандоза таҷлил намуд. Агар ба таърихи на чандон дур назар афканем, дар ин давра дар соҳаи мақомоти молияи кишвар ҳам корҳои зиёд ба анҷом расиданд.

- Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷараёни амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми сӣ сол, ки дар назди таърих муддати чандон тӯлонӣ нест, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд дар ҳақиқат, комёбиҳое ба даст омаданд, ки беназиранд.

Боиси ифтихор ва шодмонист, ки молиячиёни кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷомеа мақому манзалати хешро пайдо намуданд. Давоми ин солҳо кормандони мақомоти молия баҳри таҳким бахшидан ба ҷараёни сиёсати буҷету андоз, таҳияву таъмини иҷрои буҷет, назорати истифодаи бомақсад ва самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра фаъолият бурда, вазифаи хизматиашонро бо сарбаландӣ иҷро мекунанд ва дар пешбурди ҳамаи соҳаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, саҳми бориз мегузоранд. Кормандони Сарраёсати молия дар вилоят сиёсати хирадмандонаю инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, бо дарки масъулият кор мекунанд ва дар таъмини сиёсати молиявӣ устуворона қадам мегузоранд. Барои равшанӣ андохтан ба фаъолияти кормандони мақомоти молия ба таърихи начандон тўлонии ин мақомот назар карданро зарур мешуморам.

Дар даврони шўравӣ танзими муомилоти молиявӣ, ташкилу идораи он дар ҷумҳуриҳои шўравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924-1991), тавассути низоми муайянкардаи Вазорати молияи ИҶШС ҷараён мегирифт. Санаи 9 - уми сентябри соли 1991 қабул шудани Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки рушди устувори тамоми соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи молия, минбаъд дар сатҳу сифати нав таъмин гардад. Шурўъ аз ҳамон санаи тақдирсоз мақомоти молияи кишвар ва сохторҳои маҳаллии он дар идоракунии молияи давлатӣ, пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи лоиҳаи буҷетҳои давлативу маҳаллӣ, дар доираи салоҳиятҳои муайянкардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузорӣ ва назорати истифодаи мақсадноки захираҳои молиявии давлатӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор фаъолияти густурдаро ба роҳ монданд. Дар солҳои нахусти давлатдории соҳибистиқлолӣ бо назардошти вазъи ҷомеа, мароми истеҳсолот ва фаъолияти соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ ниёзи мардумро қонеъ гардонда, барои рушди ҷомеа заминаи устувор гузошт. Масалан, дар соли 1997-ум ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии вилоят 11,2 миллиард рубли тоҷикиро дар бар мегирифт, ки он ба пули сомонӣ ба 11,2 миллион сомонӣ баробар буд. Расидан ба сулҳи комил ва таъмини оромии кишвар дар роҳи рушди иқтисод ва пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ шароити мусоидро фароҳам овард ва мардум ба фардои шукуфон ва осудаи хеш бештар эътимод пайдо карданд.

- Вазъи кунунии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини иҷрои нақшаи қисми воридот ва хароҷоти буҷети вилоятро назар ба солҳои аввали истиқлолият чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Соли 2021-ум қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии вилояти Суғд ба маблағи 2342,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он нисбат ба соли 2000- ум 93,7 маротиба зиёд аст. Нақшаи воридоти буҷети умумии вилоят бошад, барои соли 2021-ум ба 3149,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки он нисбат ба соли 2000-ум 86,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки тўли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон иҷрои нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети вилояти Суғд мунтазам таъмин шуда истодааст. Пурраю барзиёд таъмин шудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ имкон дод, ки тадбирҳои дар буҷет пешбинишудаи соҳаҳои буҷетӣ сари вақт маблағгузорӣ шаванд. Агар дар соли 2000-ум барои рушди соҳаҳои маориф 11,3 миллион сомонӣ, нигаҳдории тандурустӣ 4,8 миллион сомонӣ маблағ масраф шуда бошад, пас дар соли 2021-ум барои пешбурди соҳаи маориф 1 миллиарду 116,9 миллион сомонӣ ва барои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 592,4 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки дар қиёс бо соли 2000-ум ба соҳаи маориф 99 маротиба ва ба соҳаи ҳифзи сиҳатии омма 123 маротиба афзун аст.

Ҷоизи қайд аст, ки дар ин солҳо ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маорифу нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоию фарҳанг дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ҳамасола ба 80-85 фоиз баробар аст. Дар робита ба ин, тайи солҳои охир, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузории ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ таҳти назорати қатъӣ қарор гирифта, хароҷот вобаста ба пардохти музди меҳнат, нафақа, кўмакпулию ҷубронпулиҳо сари вақт ва дар ҳаҷми пурра маблағгузорӣ шуданд. Ҳамзамон, давоми 10 соли охир ҳиссаҷудокунӣ аз андозу даромадҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ тадриҷан афзуда, дар соли 2021-ум ба буҷети ҷумҳуриявӣ 806,5 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ муайян шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011-ум наздик 32 маротиба зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки иҷрои нақшаи пешбинишудаи ҳиссагузорӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд ҳамасола пурраю барзиёд таъмин шуда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу нигаҳдории тандурустӣ, шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расондани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў, барои онҳо муҳайё кардани шароити мусоидро аз вазифаҳои аввалдараҷаи ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳисобида, тақозо намуданд, ки дар ҳалли ин масъалаҳо аз буҷетҳои маҳаллӣ ҳаддалимкон маблағҳои зарурӣ интиқол дода шаванд. Дастовардҳои ёздаҳмоҳаи соли 2021, ки хоҷагии халқи вилоят ноил шуд, гувоҳ бар онанд, ки дар аксари ҷабҳаҳо пешравӣ дида мешавад.

- Дарозои се соли охир, ки омодагиҳо ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат гирифтанд, дар вилоят корҳои азнавсозӣ, барқароркунӣ ва бунёди як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба роҳ монда шуданд. Маълум, ки қисми бештари иншоот аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят бунёд ва ё таъмиру тармим шуданд.

- Баъди ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 - уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори Раиси вилояти Суғд аз 1 - уми феврали соли 2018, №51 “Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ тасдиқ шуд. Илова бар ин, қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 - уми марти соли 2018, № 89. “Дар бораи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида, корҳо вусъати тоза гирифтанд.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооту биноҳои зарурӣ аз рӯи талабу дархости мардум, бо тарҳу ороиши миллӣ ва истифодаи бештари масолеҳи бинокории ватанӣ бунёд гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла Қасри фарҳанги ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент, Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, бинои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд, бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд, Қасри фарҳанг дар деҳоти ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои табобатӣ дар Муассисаи давлатии Маркази беморхонаи дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи Амонулло Орифов, шуъбаи нурафканӣ дар Маркази саратоншиносии вилоят, таваллудхона дар ноҳияи Деваштиҷ, беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, бинои нави шуъбаи табобатӣ дар Беморхонаи №3-юми деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кўдакистон дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, мактаб барои 320 хонанда бо толори варзишӣ ва ошхона дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ, бинои иловагӣ дар назди МТМУ № 65 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, бинои таълимӣ барои 360 хонанда дар назди МТМУ №44 дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич, бинои мактаб барои 360 хонанда бо толори варзишӣ ва ошхона дар мавзеи Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ, азнавбақароркунии меҳмонхонаи “Ленинобод”(ҳозира Суғдиён), майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Спитамен, Деваштич, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, шаҳрҳои Гулистон ва Бўстон, қасри варзишии ба номи "Паҳлавонони суғдӣ" дар ноҳияи Мастчоҳ, азнавбарқароркунии Қасри фарҳанг дар маркази деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, варзишгоҳ дар ноҳияи Айнӣ, китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Спитамен ва даҳҳо иншооти дигар ба истифода дода шуданд. Бояд зикр кард, ки ҳамаи иншооти номбурда аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят бунёд гардида, дар ифтитоҳи аксари онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

- Дар вилоят ба рушди соҳибкорӣ аҳамияти бештар дода мешавад. Албатта, фаъолияти соҳибкорӣ бо рушди иқтисоди мамлакат рабт дорад ва саҳми бахши хусусӣ дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Дар ин бора чӣ андеша доред?

- Воқеан, пеш аз ҳама, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кўмаку дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам омад, ки дар вилояти Суғд як қатор коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Дар натиҷаи бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар вилоят нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бемайлон афзуда, муяссар гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷет сол ба сол зиёд ва иҷрои амалии он пурраю барзиёд таъмин шавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳолати 1 - уми ноябри соли ҷорӣ дар вилоят теъдоди соҳибкорони инфиродие, дар асоси патент фаъолият мебаранд, 36,5 ҳазор нафар ва субъектҳое, ки тибқи шаҳодатнома фаъолияташонро ба роҳ мондаанд 75,6 ҳазор адад буда, ин рақамҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 2,8 ва 3,4 ҳазор адад зиёд мебошад. Дар давраи сипарии соли равон чун ҳарвақта аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми сохторҳои вилоятӣ бо мақсади мусоидати ҳамаҷониба барои таъмини рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар натиҷа дар давраи даҳ моҳи соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби соҳибкорони хурду миёна, ки дар қаламрави вилоят фаъолият мебаранд, ба маблағи 3767,1 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки 23,4 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар бар мегирад. Ҳамзамон, тазаккур бояд дод, ки дар ин давра бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, мактабу кўдакистонҳо, муассисаҳои тандурустӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим бунёд ва ба фаъолият шурўъ намуданд.

- Мегуфтед, ки дар вилоят сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ то кадом дараҷа мавқеъ дорад? Магар афзоиши маблағгузорӣ дар ин самт ҳам дида мешавад?

- Дар шароити муосир ҷалб намудани сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Баробари фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ ба иқтисодиёти вилоят беш аз 147,6 миллион доллари ИМА сармоягузориҳо ҷалб гардида, дар маҷмўъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум ба 67,6 миллион ё 2,2 баробар зиёд мебошад. Дар натиҷаи ҷалби сармоя дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иқтидорҳои нав ба кор андохта, барои шаҳрвандон ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Бояд қайд намуд, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба вилоят ба маблағи 82,1 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ворид гардидааст. Боиси зикр аст, ки аз ҳисоби ҳама гуна маблағҳои сармоядорон, дар асоси қонунҳои ҷории кишвар ба андозаи муайян ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ мешавад ва ин амал, албатта, дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоят нақши бориз дорад.

- Дар арафаи иди касбӣ рӯзи кормандони мақомоти молияи вилоят боз чӣ гуфтаниҳо доред?

– Кормандони Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нисбат ба кормандони мақомоти маҳаллии молия, аз ҷумла тадриҷан мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти молия дар маҳалҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои фаъолияти пурсамар, тамоми саъю кўшиш ва донишу малакаи худро барои иҷрои саривақтии вазифаҳое, ки дар наздашон истодаанд, равона менамоянд. Сарвари давлат дар суханрониашон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати молия, моҳи августи соли равон, ба вуқӯъ пайваст, дар бораи вазифаҳои кормандони мақомоти молия ҳарф зада, аз ҷумла қайд карданд, ки “Вазорати молия, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки раванди ташаккул ва банақшагирии буҷетҳои маҳаллӣ ва муносибатҳои байнибуҷетиро дар асоси принсипҳои иҷрои уҳдадориҳои байниҳамдигарии иштирокунандагони он ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет ва таъмини уҳдадориҳои буҷетӣ тадбирҳои қатъиро роҳандозӣ намояд”.

Кормандони соҳаи молияи вилоят бо дарки масъулият ва сипосмандӣ фаъолият дошта, дар татбиқи иқдомҳои наҷиби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ мекунанд. Шукргузор ва сипосманд аз он ҳастем, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қадр кардани хизматҳои шоистаи кормандони мақомоти молияи кишвар дар қатори дигар идҳои касбӣ Рўзи кормандони молияро муқаррар кардаанд. Кормандони соҳа баҳри рушду нумўи бемайлони сиёсати молия ва буҷету андоз пурмаҳсул меҳнат мекунанд ва дар пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, алалхусус, сазовор истиқбол гирифтани соли нави милодии 2022-юм саҳми муносиб мегузоранд. Бинобар ин, аз номи роҳбарияти Сарраёсати молия дар вилояти Суғд кулли кормандони мақомоти молия ва ҳамаи онҳоеро, ки бо молияю андоз сарукор доранд, бори дигар шодбош гуфта, рўзгори хушу обод, барори кору рӯзгор ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ таманно менамоям.

– Барои сҳбати самимиатон изҳори сипос мекунам. Доимо сарбаланду саодатманд ва комёб бошед!

- Сипосгузорам.

Сўҳбатнигор

Карим ШАРИФ

Add comment


Security code
Refresh