Паём - роҳнамои рушди саноат

Тоҷикистон чун кишвари кӯҳсор дар масъалаи захираҳои канданиҳои фоиданок дар дунё мақоми худро ёфтааст. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту вохӯрӣ бо сокинони мамлакат нисбат ба ин соҳаи сердаромад таъкид мекунанд. Айни замон Тоҷикистон бо раҳнамоии Сарвари муаззами худ сиёсати дурбинона ва сулҳпарваронаро пеш гирифта, дар рушди соҳоти мухталифи мамлакат шароити хуби меҳнатиро муҳайё намудааст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Бунёду ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ пеш аз ҳама ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳаҷми воридоти масолеҳи ба самти саноат нигаронидашударо аз хориҷи мамлакат коҳиш медиҳад. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат қайд карда шуд, ки «соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд». Саҳми корхонаҳои коркарди маъданро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беҳбуд бахшидани зиндагии аҳолӣ ва ба ҳаёти шоиста расонидани ҷомеаи Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд.

Аз ин лиҳоз, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид шуд, ки ба бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, истихроҷ ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга ва қиматбаҳо, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дорусозӣ вусъат бахшида шаванд. Бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ имкон фароҳам овард, ки ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ дар кишвар коҳиш ёбад ва ба ин васила мо тавонистем, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватаниро рушд бахшем. Аз рӯи таҳлили дар Паёми навбатии худ пешниҳоднамуда Пешвои миллат қайд карданд, ки дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ истеҳсол шудааст.

Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - эълон намудани рушди саноатикунонии мамлакат низ аз он иборат аст, киҳаҷмиистеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнокро дар кишвар рушд бахшем. Имрӯзҳо сиёсати дурбинонаи Ҳукумати мамлакат дар самти коркарди канданиҳои фоиданок ва омода намудани мутахассисони баландпояи соҳа хеле назаррас мебошад. Таъсиси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки дар самти омодасозии мутахассисони баландпояи замонавӣ мусоидатгар аст, дар таъмини корхонаҳои соҳавӣ бо тахассусмандони ватанӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Албатта, бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Корхонаи замонавии коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат аз ҷумлаи коргоҳҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тавлид гардида, дар таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ аҳамияти хоса доранд. Коркарду баистифодадиҳии конҳои ангишт дар кишвар ва таъмини аҳолии мамлакат бо ангишт дар ҳама фасли сол рӯй ба афзоиш меорад. Ин аст, ки бо дарназардошти торафт зиёд гардидани талаботи кишвар ба ангишт, истеҳсолоти он то охири соли 2016 ба 1,3 миллион тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2000-ум 62 баробар зиёд аст. Инчунин, баробари ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ истихроҷи ангишт то соли 2018 ба 2 миллион тонна расонида шуд.

Ҳангоми ироаи Паём Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки бо мақсади рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард ба Саридораи геология якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода мешавад, ки дар асоси таҳлили захираҳо ва дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021 – 2030” таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳар сол барои таъмини фаъолияти истеҳсолии ташкилоту корхонаҳои сохтмонии кишвар беш аз 400 ҳазор тонна маҳсулоти филизӣ, яъне оҳантахта, симу арматура ва конструксияҳои оҳанӣ сарф мегардад, ки ҳамаи масолеҳи зикршуда бо нархҳои гарон (аз 900 то 1400 доллари амрикоӣ) аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Дар корхонаи металлургие, ки чанд сол қабл дар шаҳри Ҳисор ба истифода дода шуд, 16 номгӯи маҳсулоти металлии мутобиқ ба талаботи торафт афзояндаи соҳаи сохтмон истеҳсол гардида, аз рӯи ҳисобҳо бо нархи то ду баробар арзонтар нисбат ба маҳсулоти воридотӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Соҳаи саноат, аз ҷумла саноати истихроҷ ва коркарди маъдан яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллии мо ба ҳисоб рафта, рушди он, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд. Айни замон дар кишвар КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», КМ «Анзоб», КМТК «Апрелевка», ҶСК «Ангишт», «Фон-Яғноб», КМ «Зарафшон», кони тиллои «Покрўд», КМ «Такоб», КВД «Суғднафтугаз», Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Чин, КВД «ТАЛКО», КМ «Петролиум Суғд» ва ғайра амал мекунанд, ки ҳамасола иқтидори солонаи истеҳсолии худро афзоиш дода, дар рушду тараққиёти кишвар саҳми бориз мегузоранд. Бо хизматҳои содиқонаи Президенти мамлакат ва меҳнати софдилонаи халқи тоҷик зина ба зина саноати кишвар рӯ ба рушд оварда истодааст.

Ҳукумати кишвар бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданро зиёд намудааст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти онҳо зиёда 20 фоизро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушд бахшидани соҳаи саноат ва ҳалли муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Ин пешниҳоди оқилона водор месозад, ки дар кишвар ҳарчи бештар корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ таъсис дода шаванд ва ҷиҳати омодасозии мутахассисони соҳавӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама замон ҳидоятномаест барои расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва халқи меҳнатдӯсту содиқи кишвар.

Муродбек БОЕВ,

Осими ОҚИЛ,

 устодони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh