ИСТЕҲСОЛИ КОНСЕРВА ВА РУШДИ СОҲА

Саноат дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа нақши муайянкунанда дорад. Аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ кишвари дорои сатҳи пасти рушди саноат кишварест, ки дар он камбизоатӣ дар байни аҳолӣ, сатҳи пасти инкишофи шахсият, ақибмондагии тамоми соҳаҳои бахши иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хоҷагии манзилӣ ва ғайра бештар ҷой дорад. Чунин ҳолат аз он дарак медиҳад, ки саноат дар ташаккули даромадҷои буҷети давлатӣ нақши муайянкунанда дорад. Барои пешравии соҳаи мазкур ва таъмин кардани аҳолӣ бо ҷойи корӣ дар вилоят дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд.

Бўстон яке аз шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, масъулин, алахусус мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати зиёд намудани ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, раванди содироти маҳсулоти саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳои заруриро амалӣ намудааст.

Алҳол дар шаҳр корхонаҳои саноатӣ ва бо назардошти хизматрасонии барқу об ба 37 номгўй расида, дар онҳо зиёда аз 1691 нафар корманд фаъолият карда истодаанд. Аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти мухталиф, аз ҷумла орд, сабӯс, равғани растанӣ, оби маъданӣ, консерваҳо, нӯшокиҳои беспирт, рехтаи пӯлодӣ, қубурҳои азбестӣ ва пластикӣ, арматураи сохтмонӣ, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтиленӣ, қоғази ташноб, мех ва мехи печон, ниқоби тиббӣ, маҳлул барои беҳдошти шахсӣ, сангҳои ороишӣ, тахтасангҳои мармарӣ, ранги сохтмонӣ, маҳсулоти заргарӣ ва амсоли ин ба роҳ монда шудааст.

Тавре сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳмадалӣ Фозилов иттилоъ дод, дар нўҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳои пулакии об ва бахши хусусӣ 413 миллиону 834,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,9 фоизро дарбар мегирад. Мавсуф қайд кард, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат ва сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон беш аз 57 ҳазор тонна орд, 18 ҳазору 605,8 тонна сабӯс, 31779,9 декалитр оби маъданӣ, 617,18 ҳазор қуттии шартии консерва, 48,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 4222,13 тонна рехтаи пўлодӣ, 1497,4 тонна арматураи сохтмонӣ, 7,72 ҳазор дона маҳсулоти доруворӣ, 22,5 ҳазор дона хишти сементӣ ва амсоли ин истеҳсол шудааст.

- Ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои истеҳсолии нав, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда ва ташкили ҷойҳои кории нав аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону тоҷирон тадбирҳо андешида, тибқи нақша давоми соли 2021 дар шаҳр 5 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд, - гуфт Маҳмадалӣ Фозилов.

Бобати ба роҳ мондани коркарди ҳарчӣ бештари меваю сабзавот, истеҳсоли консерваҳо дар Ҷамоати деҳоти шаҳраки Палос корхонаи ҶДММ «Шарбати мева» баҳри таъмини бозори дохилӣ бо чунин намуди маҳсулот фаъолият бурда истодааст. Дар корхонаи номбурда давоми нўҳ моҳи соли 2021 - ум 617,18 ҳазор қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол шудааст. Боиси қайд аст, ки коргоҳи консервабарории ҶДММ «Шарбати мева» соли 2014 - ум ташкил шуда, самти асосии истеҳсоли он баровардани оби ошомиданӣ, газнокшуда ва консерваи шарбати мевагиҳо мебошад. - Коргоҳ бештар меваҳои зардолу шафтолу ва помидорро истифода мебарад. Истеҳсоли маҳсулот дар банкаҳои махсус аз 0,4 то 10 литр буда, консерва аз 1 то 2 литр дар зарфҳои шишагин мебошанд.

Маҳсулоти хом асосан аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастрас мешавад, - гуфт сармуҳосиби коргоҳ Абдурозиқ Мирёқубов. Мавсуф қайд кард, ки зарфҳои шишагин асосан аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ва ҶДММ «Сахо и К» харида мешавад. Маҳсулоти коргоҳ бозори дохилиро бо маҳсулоти баландсифат таъмин мекунад. - Алҳол 16 нафар корманд фаъолият мебаранд, ки панҷ нафари онҳо занон ҳастанд. Коргоҳ барои саҳм гузоштан дар саноатикунонии босуръати кишвар кўшиш ба харҷ дода, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва зиёд намудани ҷойи кории нав ҷаҳд доранд, - гуфт Абдурозиқ Мирёқубов.

Боиси таъкид аст, ки дар даҳ моҳи соли равон дар корхонаву коргоҳҳои консервабарории вилояти Суғд 29,2 миллион қуттии шартӣ консерва истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 362,2 ҳазор зиёд буда, ба 101,3 фоиз баробар мебошад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Хақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh