Сарбаланд аз сарфарозии диёр

Тобистони имсола барои мардуми сарбаланди деҳаи Зерободи деҳоти ДарДари ноҳияи Айнӣ фаромӯшнашаванда буд, зеро поёни моҳи июли соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳа бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Воқеан, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар ноҳияи Айнӣ чун иншооти ҷашнӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шуда, ҳадяи хубе ба ҷашни фархундаи миллӣ буд.

Ифтитоҳи бинои зебою замонавии мактаб, ки дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад, боиси сарфарозиву сарбаландӣ ва хушнудии мардуми деҳаи Зеробод гардид, зеро мактаби қаблии ҳанӯз соли 1971 сохташуда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Чуноне Абдуқувайс Миров, раиси Хоҷагии деҳқонии ба номи М.Воҳидов, қайд мекунад, бинои кӯҳнаи мактаб бо вуҷуди таъмири ҳарсола хеле фарсуда буд.

- Лоиҳаи мактаби нав ҳанӯз соли 1986 тасдиқ ва то соли 1990 понздаҳ фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро шуда, баъдан бинобар вазъияти сиёсиву иқтисодии солҳои 90-ум сохтмони мактаби нав бозмонд,- мегӯяд ӯ . Воқеан, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми деҳаи Зеробод сарҷамъона пайи ободии деҳаи азизашон ҳастанд, ҳамҷоя бо дастгирии ҳамдигар дар ободонии деҳа, мумфаршкунии роҳҳо ва корҳои ташкилии сохтмонҳо саҳми арзанда мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба сохтани мактаби нави деҳа таваҷҷуҳ намуд ва сохтмони бинои муассисаи таълимӣ соли 2016 оғоз ёфта, корҳои бунёдӣ ва паймонкорӣ бо ҷалби зиёда аз 100 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикэлитсохтмон” бо сифати баланди меъморӣ ва дар асоси меъёрҳои мавҷуда ба анҷом расид.

- Бинои нави мактаб, пеш аз ҳама ҳадяи Пешвои миллат ба ҷашни миллист,- мегӯянд аҳли деҳа. Иншооти хуштарҳу муосири таълимӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат аст. Дар 28 синфхонаи барҳавои мактаб, аз ҷумла синфхонаҳои фаннии химия, физика, математика, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон, инчунин ҳуҷраҳои ёрирасон 640 нафар хонанда дар ду баст таҳсил доранд.

- Китобхонаи мактаби нав дорои 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни бадеию фаннӣ мебошад, ки албатта, аз ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари маорифпарвари мамлакат ба соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози миллат дарак медиҳад, -мегӯяд С.Сангинов, омӯзгори МТМУ №15.

Имрӯз хонандагон бо истифода аз имконоти мавҷуда ва шароити муҳайёшуда ба омӯзиши хуби барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул ҳастанд. Хонандаи синфи ёздаҳуми мактаби мазкур А.Қодиров хушҳолу хушбахт аст, ки соли нави таҳсилро дар мактаби замонавии дорои тамоми шароитҳои муосир оғоз намуд. - Мо, хонандагон бунёди бинои нави муассисаи таълимиро дербоз интизор будем. Хушбахтона, соли равон бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин даргоҳи муқаддас барои мо ҳадя гашт. Дар як деҳаи дурдасти кишвар омода намудани чунин шароитҳои муосир барои таълиму тарбия башоратгари таваҷҷуҳи бевоситаи мамлакат ва пеш аз ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат мебошад, ки мо аз ин меҳрубониҳо сарбаланду миннатдор ҳастем ва ваъда медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, фарзандони арзандаи диёр хоҳем шуд, -иброз медорад ӯ.

Имрӯз дар мактаб 57 омӯзгори соҳибкасбу соҳибтаҷриба ба насли наврасу ҷавон дониш меомӯзанд. Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш толори муосири варзишӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон сохта шудааст. Толибилмони дабистон аз толори варзиши мактаб, ки барои баргузории бозиҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш шароити хуб доранд, меболанд, зеро имкон доранд, ки дар толори варзишии муосиру барҳаво ба обутоби бадан машғул шуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд, дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намоянд. Муҳимтар аз ҳама муассисаи таълимӣ бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин аст, ки имкони пурра бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳоро дар фасли зимистон доранд.

- Маҳз башорати соҳибдавлативу сулҳу осоиши кишвар аст, ки беш аз 3000 сокини деҳаи Зеробод бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ бо кору пайкор ва ободии диёр машғул ҳастанд. Дар баробари ободкориҳову созандагиҳо дар тамоми чорабиниҳо иштироки фаъолона доранд. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…» низ сокинони деҳа дар бахшҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирокчии фаъол мебошанд. - Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба истифода додани мактаби нав бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ доир намуда, муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони шарафманду меҳнатқарини деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ арзёбӣ карданд, ки ин барои мо шарафи бузург буд, - мегӯяд А.Миров,- гарчанде алҳол сарварии хоҷагии деҳқониро ба ӯҳда дорам, ман худ омӯзгор ҳастам ва солиёни зиёд ба шогирдон дарс додаам, аз заҳмату саҳми омӯзгорон дар тарбияи насли наврас ба хубӣ огоҳ ҳастам.

Чӣ хуб, ки имрӯз давлати соҳибистиқлоли мо ба мактабу маориф ва таълиму тарбияи дурусти насли наврас таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир месозад. Мо, албатта, ҷавобан ба ин ғамхориву муҳаббати Сарвари давлат бештар аз пештар баҳри ободу зебо сохтани деҳаи худ, Ватани азизамон саҳм мегузорем,- илова месозад ӯ. Сарбаландӣ аз сарфарозии диёр саодати ватандорист, ки хушбахтона, ин тақдиру толеи баландро мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз нек дарк намуда, дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар сидқидилона заҳмат мекашанд ва Ватанро обод месозанд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh