Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ дар вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 9 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 95 корхона бо 794 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуда, ба маблағи 14,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Ҷиҳати истифодаи иқтидорҳои мавҷуда низ аз имкониятҳо истифода гардида, барои беҳтар намудани кори корхонаҳо ва воридсозии технологияҳои наву замонавӣ мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад. Аз ҷумла, барои пурра истифода бурдани имкониятҳои корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” айни замон корҳо ҷараён дошта, роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки онро таъмир ва таҷҳизоти муосир ворид созад.

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ин корхона иттилоъ дода шуд, барои воридсозии таҷҳизоти зарурӣ ба ширкатҳои Олмону Чин ва Туркия шартнома баста шуда, баъди таъмири капиталии корхона таҷҳизот ворид карда мешавад.

Раиси вилоят барои иҷрои саривақтии корҳо ва ташкили шароити мусоид барои фаъолияти коргарон ба масъулини соҳаи саноат ва роҳбарияти корхона супоришҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят аз корхонаи бунёдшавандаи соҳибкор Зариф Самадов, ки ба истеҳсоли профил машғул хоҳад шуд, боздид кард. Чуноне маълум  гардид, айни замон корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 25 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh