Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара”

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассис ва директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат роҳбари вилоят иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иқтидорҳои мавҷуда самаранок истифода гардида, баҳри бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, боғҳои интенсивӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Таъкид карда шуд, ки дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” миёни соҳибкорони кишварҳои минтақа мулоқоту музокирот сурат гирифта, ҳадаф аз ташкили ин чорабинии бонуфуз омӯзиши таҷриба, ташкили корхонаҳои муштарак, дарёфти бозори нави фурӯши маҳсулот ва амалисозии нақшаҳои судманд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақи саноатӣ ба шумор рафта, имрӯз дар он бештар аз 140 нафар кору фаъолият доранд. Омӯзиши раванди истеҳсолот нишон медиҳад, ки давоми чор соли охир дастоварди ин корхона зиёд гардида, ҷуғрофиёи содироти маҳсулоти он низ васеъ шудааст. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаи мазкур 616 тонна меваи хушк коркард гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар зиёд аст. Дар ин давра ба маблағи 11 миллиону 735,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 808 миллион сомонӣ бештар мебошад. Тибқи таҳлилҳо аз соли 2017 то ба имрӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз 4 милиону 924 ҳазор сомонӣ ба беш аз 11 миллион сомонӣ расонида шудааст

Муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” ҳамзамон маълумот дод, ки ояндаи наздик нақшаҳои тарҳрезишуда дар самти бунёди боғҳои нав ва ташкили хатти нави истеҳсолӣ амалӣ мегардад.

Раиси вилоят зарур шуморид, ки дар навбати аввал аз ҷониби “Баракат- Исфара” дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд ва ин нишондод то ба 500 гектар расонида шавад. Хатти нави истеҳсолӣ низ бо назардошти талаботи бозор ва ҳарчи зиёд намудани шумораи коргарон фаъол карда шуда, захираву имкониятҳо пурра истифода гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh