РУШДИ ИҚТИСОДИ МИНТАҚАВӢ, РОҲАНДОЗИИ ТАДБИРҲОИ АМИҚ

Ба шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонва сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳи охир муносибатҳои дӯстона ва риштаҳои ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, ҳамкориҳои иқтисодӣ ривоҷ ёфта, ба иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад.

Дар ин радиф дар вилояти Суғд ҳар сол баргузор шудани ярмаркаҳои байналмилалии савдо нишонаи устувор будани иқтисодиёт дар кишвар буда, соҳибкорон метавонанд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаш ва ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилоти байналмилалии кишварҳои хориҷӣ қавитар гардонанд.

Дар Форуми «Имкониятҳои савдо ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа», ки дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази вилоят баргузор гардид, муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Мехта,

намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршедҷон Ахмедов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Ҳайдаров ва дигарон дар назди роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷиру соҳибкор ва сармоягузор аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкору роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақақои кишвар баромад намуда, ташкили Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”-ро яке аз самтҳои муҳими рушди тиҷорат ва боз ҳам баланд гардидани иқтисодиёти мамлакат номиданд, ки барои ин албатта, аз тамоми имкониятҳо истифода бурдан лозим аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими кушодашавии форуми номбурда меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои густурдаву пурсамар дорад, ки ин рӯйдодро воқеаи муҳим дар самти рушди иқтисоди минтақавӣ арзёбӣ бояд кард. Боиси зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мекунад. Исботи ин гуфтаҳо баргузор шудани Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд–2021» мебошад, ки махсусан дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»имконияте хубе мебошад.

Дар вилояти Суғд корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ фаъолият доранд, ки дар бахшҳои гуногуни саноатӣ аз қабили коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахтаву нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, масолеҳи сохтмонӣ дастовардҳои назаррас зиёд буда, имкониятҳо баҳри рушди ҳамкориҳо хеле зиёданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил дода, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик 18 Меморандум ва созишномаи ҳамкорӣ дошта, дар доираи ин ҳуҷҷатҳои имзошуда барои густариши робитаҳои иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта мешаванд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни суҳбат қайд намуд, ки дар Тоҷикистон бо тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фазои мусоиди сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки тарҳу лоиҳаҳои муштараки барои ҷонибҳо судманд амалӣ карда шаванд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъол буда, барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ имтиёзҳо мавҷуд мебошанд.

Муносибатҳои иқтисодии ҳамкории мамолики хориҷ бо Тоҷикистон сол аз сол рушд ёфта, натиҷаҳои хуб ба даст ва ҳамкориҳои дуҷониба ба соҳибкорон шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст. Рӯз то рӯз шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина дараҷанокии экспорт ҳам меафзояд.

Бояд қайд кард, ки Ярмаркаи байналхалқӣ бори ҳафтум аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилоят ва шарикони рушд ташкил карда мешавад. Мақсад аз ташкили Ярмаркаи байналхалқии савдо мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои иқтисодӣ байни ҷомеаи соҳибкорони вилоят ва дигар манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ, нишон додани қобилияту имконоти иқтисодии вилоят ва табодули таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздик аст.

Чунин ярмарка ба рушди соҳаҳои афзалиятнок, инчунин ба муаррифии имкониятҳои соҳаҳои дигар, аз ҷумла, сайёҳӣ низ мусоидат мекунад. Дар Тоҷикистон имкониятҳои рушди сайёҳӣ хеле зиёд мебошанд, ки истифодаи оқилонаи онҳо даромади калон меоварад. Солҳои охир роҳ ба тамоми минтақаҳои берун аз кишвар кушода шудааст ва хариду фурӯши маҳсулот тариқи ҳамлу нақл бештар тараққӣ меёбад.

 Имрӯз аз қаламрави вилояти Суғд маҳсулоти гуногун ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон содирот карда мешавад.

Давоми рӯз ҷаласаи панелӣ дар мавзӯъҳои «Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо», «Имкониятҳо ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи саноат ва комплекси агросаноатӣ», «Стандартҳои сифати маҳсулоти содиротӣ» ва «Дурнамои рушди бахши сайёҳӣ» баргузор гардиданд.

Дар доираи чорабиниҳои Форум барои иштирокчиён ва меҳмонон дар Қасри маданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи идонаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд. Дар оғоз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аҳли меҳмононро аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, намояндагони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар ба Суғди бостонӣ ва хоса ба Қасри бошукӯҳу таърихии Арбоб аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳайрамақдам гуфт. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки ин Қасри бошукӯҳ барои миллати тоҷик арзиши баланд дошта, маҳз аз ҳамин ҷой, яъне дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омада, мардуми парокандаи кишваррро сарҷамъ намуда, ба ин рӯзи неку босаодат расониданд. Баргузории ин форум низ аз сиёсати дурбинона ва сиёсати “дарҳои боз” сарчашма гирифта, барои рушду пешрафт ва ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту бародар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо суруду таронаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русиву ӯзбекӣ барои иштирокдорон аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи вилоят дар сатҳи баланд пешниҳод гардида, ба рӯҳияи меҳмонон таъсири амиқ гузошт.

Сипас, дар чойхонаи Қасри маданияти Арбоб барои меҳмонону соҳибкорони кишвар базми шоми дӯстӣ дар сатҳи баланд доир гардид.

Дар рӯзи дуюми ярмаркаи байналмилалӣ, ки дар «Қасри варзиш»-и маркази вилоят баргузор гардид, меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд. Ташкили гуфтушунидҳои дуҷониба байни шарикон, соҳибкорону тоҷирон ва муассисону роҳбарони корхонаҳо, масъулини мақомоти давлатии кишварҳои иштироккунанда, муҳокимаи панелии «Дурнамои рушди технологияи рақамӣ» баргузор ва бегоҳии ҳамон рӯз маросими пӯшидашавии ярмаркаи байналмилалӣ доир гардид.

Бояд таъкид дошт, ки дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд–2021» намояндагони доираҳои тиҷоратии давлатҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди молу маҳсулот ва нақшаҳои худ ширкат варзиданд. Мақсади асосии иштирок дар ин намоишгоҳ дар баробари мустаҳкам кардани ҳамкориҳои дуҷониба таҷрибаивазкунии соҳибкорон самти асосист.

- Дар форум беш аз 130 нафар намояндагони ҷумҳуриҳои ҳамсоя иштирок карданд. Дар ин радиф зиёда аз 100 созишномаю шартнома бо ҳамаи субъектон, намояндагони вилояту минтақаҳои кишварҳои ҳамсоя ба имзо расиданд. Бо вилоятҳои Самарқанд ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин бо Федератсияи Россия дар самтҳои саноат, сайёҳӣ ва кишоварзӣ шартномаю созишномаҳо ба имзо расиданд. Дар ҳошияи форуми сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо, шартномаҳо ва созишномаҳои баимзорасида минбаъд барои ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳанд кард, - гуфт муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ.

Аминҷон ШАРИФЗОДА,
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh