Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки бо мақсади иштирок дар ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" ба вилоят омаданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодӣ ва дурнамои ҳамкориҳо табодули назар намуданд.

Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки Тоҷикистону Россия шарикони стратегӣ буда, дар доираи созишномаҳои давлатии дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ҳамкориҳои густарда доранд. Робитаҳои минтақавӣ миёни вилоятҳои Тоҷикистону Россия беш аз пеш мустаҳкам гардида, вилояти Суғд бо 8 минтақаи Федератсияи Россия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон меморандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардида, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф аз тамоми имкониятҳо истифода мешавад. Дар вилояти Суғд барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак имкониятҳо фаровон буда, соҳибкорони вилоят ҳавасманди вусъатёбии ҳамкориҳо бо сармоягузорони рус ҳастанд.

Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар навбати худ ташкил намудани форумҳои минтақавиро ба манфиати кор дониста, изҳори боварӣ намуд, ки баргузории ярмаркаи байналмилалӣ барои дарёфти шарикони нав ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мусоидат хоҳад кард. Барои иштирок дар ярмаркаи байналмилалӣ ва форумҳои вобаста ба он теъдоди зиёди соҳибкорони рус омадаанд ва ҷонибҳо пас аз гуфтушунидҳо метавонанд робитаҳоро боз ҳам беҳтар созанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh