СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд

19 октябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят маросими кушодашавии Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" баргузор гардид.

Дар кори форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди ҶӮ Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи ҶӮ Хуршедҷон Ахмедов, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Россия ва Ӯзбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими кушодашавии форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатҳои дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои густурдаву пурсамар дорад.

Таъкид гардид, ки вилояти Суғд чун водии имкониятҳо шинохта шуда, дар он 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Дар бахшҳои саноати куҳиву металлургӣ, саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пахтаву нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, масолеҳи сохтмонӣ дастовардҳои назаррас буда, имкониятҳо барои густариши ҳамкориҳо фаровон аст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил дода, баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст. Имрӯз аз қаламрави вилояти Суғд маҳсулоти гуногун ба зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон содирот карда мешавад.

Дар натиҷаи азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калон, шасту шаш ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Ҳамзамон вилояти Суғд чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба маркази гардишгариву сайёҳӣ табдил ёфта, дар он садҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, маконҳои истироҳативу фароғатӣ фаъол аст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик 18 меморандум ва созишномаи ҳамкорӣ дошта, дар доираи ин ҳуҷҷатҳои имзошуда барои густариши робитаҳои иқтисодӣ гомҳои устувор гузошта мешавад. Роҳбари вилоят инчунин изҳор намуд, ки вилояти Суғд барои тақвияти ҳамкориҳо ҳавасманд буда, якҷо бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони дохиливу хориҷӣ метавонад дар бахшҳои муҳим робитаҳоро боз ҳам беҳтар намояд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни суҳбат қайд намуд, ки дар Тоҷикистон бо тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, фазои мусоиди сармоягузорӣ имкон медиҳад, ки тарҳу лоиҳаҳои муштараки барои ҷонибҳо судманд амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъол буда, барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ имтиёзҳо мавҷуд мебошад.

Дар кори форум ҳамзамон намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи ҶӮ Хуршедҷон Ахмедов ва дигарон сухан гуфта, ташкили чорабинии минтақав- Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”-ро майдони хубе барои шиносоӣ ва ба роҳ мондану тақвиятбахшии ҳамкориҳо арзёбӣ карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки давоми рӯз ҷаласаи панелӣ дар мавзӯҳои  “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо”, “Имкониятҳо ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи саноат ва комплекси агросаноатӣ”, “Стандартҳои сифати маҳсулоти содиротӣ”, “Дурнамои рушди бахши сайёҳӣ” баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи 20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд. Давоми рӯзи оянда ташкили гуфтушунидҳои дуҷониба байни шарикон-соҳибкорону тоҷирон ва муассисону роҳбарони корхонаҳо, масъулини мақомоти давлатии кишварҳои иштироккунанда, муҳокимаи панелии “Дурнамои рушди технологияи рақамӣ” дар назар дошта шуда, бегоҳии ҳамон рӯз маросими пӯшидашавии ярмаркаи байналмилалӣ баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh