Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия

Нимаи дуюми рӯзи 18 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россияро, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи VII байналмилалии савдо “Суғд-2021” ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни  суҳбат роҳбари вилоят вобаста ба вазъи иқтисодии Суғд маълумот дода, қайд кард, ки дар ҳудуди вилоят 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, номгӯи зиёди маҳсулоти истехсолшаванда содирот карда мешавад. Гуфта шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба 1 млрд. 607,2 млн. доллари ИМА баробар шуд. Аз вилояти Суғд асосан маъдану консентрант, семент, либосҳои гуногун, маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, номгӯи зиёди маҳсулот, хусусан маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Россия ирсол шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шуда, дар ин росто баҳри расидан ба ин ҳадаф ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар авлавият қарор дорад.

Дар вилояти Суғд барои густариши робитаҳои иқтисодӣ имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, ҷонибҳо метавонанд дар соҳаҳои саноати куҳӣ, саноати сабук, коркарди пахтаву мева, чарм, дорусозӣ ва дигар бахшҳо ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҳадаф аз ташрифашон маҳз шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғд аст ва Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" фурсати хубе барои таҳкимбахшии робитаҳои иқтисодӣ хоҳад шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 19 ва 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо “Суғд-2021” гузаронида мешавад.

Тибқи барномаи кории ярмарка 19 октябр дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” маросими кушодашавии форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” доир хоҳад шуд.

20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh