Дар корхонаи “Оби зулол” хатти нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии кишвар дар ҶСП “Оби зулол” хатти нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа 25 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Маросими бозкушоии хатти нави истеҳсолӣ бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд. Ба иттилои масъулин тавассути хатти нави истеҳсолӣ аз ангур шакар истеҳсол карда шуда, қиёми он ба ҷойи шакари оддӣ барои истеҳсоли омехтаи мева ё худ смузи истифода хоҳад шуд.

Барои роҳандозии хатти нави истеҳсолӣ ба маблағи 8,9 миллион сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли Италия харидорӣ гардидааст. Тавассути таҷҳизоти замонавӣ дар як вақт то 7000 тонна ангур коркард гардида, то 4500 тонна омехтаи ангур омода ва дар истеҳсолот истифода бурда мешавад.

Қаблан ҳам масъулини ҶСП «Оби зулол» бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар мамлакат аввалин шуда истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғизои кӯдаконро дар зарфҳои “Дой-пак” аз меваҳои себ, шафтолу, нок, қулфинай ба роҳ монда буданд, ки ашёи хоми асосӣ барои маҳсулоти истеҳсолшаванда хамираи меваҳои ватанӣ маҳсуб меёбад.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, ташкили хатҳои нави истеҳсолиро дар самти бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки корхонаи “Оби зулол” аз маъруфтарин корхонаҳои кишвар аст, ки маҳсулоти он дар хориҷа низ харидорони зиёд дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh