ГАНҶОБОД ОБОД МЕГАРДАД

Дар тамоми манотиқи кишвар шаҳракҳои наву замонавӣ, корхонаю муассисаҳои бузурги фарҳангӣ бунёд гардиданд, ки онҳо барои пешрафт, зиндагии пурнишот ва осудаи мардум мусоидат менамоянд. Дар вилоят солҳои 2015-2016 барои бунёди чандин шаҳракҳо, аз қабили Сайҳун, Баҳористон, Ганҷобод,Моҳпарӣ корҳо оғоз гардиданд.

Бунёди шаҳракҳои наву замонавӣ ба мардуми кишвар имкон медиҳад, ки тарзи зисти худро беҳтар намуда, дар хонаҳои наву замонавӣ зиндагӣ кунанд. Бале, мардуми кишвар дарк намуданд, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муаммои мардум, яъне бо заминҳои наздиҳавлигиву хонаҳои бароҳат таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Воқеан, соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки Меҳробод санги асос гузоштанд.

Нақшаи куллии шаҳраки Меҳробод аз тарафи корхонаи лоиҳакашии “Суғдшаҳрофар” таҳия гардида, дар он бунёди 3 мактаб, 1 беморхонаи марказӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, идораи маъмурӣ, 3 боғчаи бачагона, 8 бинои баландошёна, меҳмонхона, бозор, марказҳои хизматрасонӣ, чойхона, варзишгоҳҳо, ҳаммом ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ, ба монанди хатҳои оби нӯшокӣ, сохтмони ҳавзи обтаъминкунӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб бо биноҳои ёрирасон, роҳҳо ва чароғонкунӣ бо назардошти санъати баланди меъмории миллӣ ва санъатҳои шаҳрсозию шаҳрдории халқи тоҷик ба назар гирифта шудааст. Тибқи қарори раиси ноҳия, Муассисаи давлатии нигоҳдории иншооти сохташавандаи шаҳраки Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Суғдиён ташкил шудааст, ки он зина ба зина иншооти баитмомрасидаро қабул менамояд ва истифодабарию нигоҳубини онро ба зиммаи худ мегирад. Дар марҳалаи аввал дар шаҳрак ба гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва лӯлаҳои полиэтиленӣ дар масофаи 4500 метр бунёди 2 чоҳи амудӣ, пойгоҳи обкашӣ ва обанбори дорои ду ҳавзи обзахиракунӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб ба биноҳои ёрирасон барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Баъдтар соли 2018 номи Меҳрободро ба маҳаллаи Ганҷобод иваз намуда, ба Ҷамоати деҳоти Суғдиён дохил карданд.

Маҳалла сол аз солу рӯз аз рӯз рушд намуда, имрӯз барои мардуми ин минтақа то қадри имкон шароити зист муҳайё гардидааст. Дар маҳаллаи Ганҷобод як мактаби калон барои 740 хонанда сохта шуд, ки он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи мазкур барои 1200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фанҳои кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компутерӣ, китобхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар таҳхонаи муассисаи нави таълимӣ синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон ҷойгир буда, ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассиса ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст шудааст.

 Муассисаи таълимии навбунёд дорои толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бо 300 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо 280 ҷой ва ошхонаи дорои 240 ҷойи нишаст мебошад. Воқеан, бинои мазкур ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони маҳаллаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ ҷашни бузурги миллӣИстиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтанд. Бунёду ба истифода додани маҳаллаи Ганҷободи Ҷамоати деҳоти Суғдиён далели он аст, ки сиёсати бунёдкоронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо барои некуаҳолии мардуми шарифи кишвар равона шудааст. Имрӯз мардуми маҳаллаи Ганҷобод шукрона аз он доранд, ки дар ин маҳаллаи нав тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар маҳалла се маркази хизматрасонии молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла хӯрокворӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ ташкил карда шудааст. Ду сехи блоксемент бунёд ёфта 1,5‐2 километр роҳ асфалтпӯш гардиданд. Ҳамзамон, дар маҳаллаи Ганҷобод бунёди хатти оби нӯшокӣ идома дорад. Мардуми сарбаланди Ганҷобод ҷидду ҷаҳд доранд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург хотирнишон месозанд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки сараввал онро аз хонаҳои худ оғоз намуда, симои маҳалли худро беш аз пеш зебову хушнамуд намоянд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh