Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Федератсияи Россия

16 сентябри соли 2021 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

Мулоқот бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, соҳибкорони рус, раисони бархе шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони болки иқтисодии вилоят, корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳибкорони инфиродӣ доир шуда, ҷонибҳо роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раиси вилоят дар мулоқот таъкид кард, ки ташкили чунин мулоқотҳо, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳо ва иштирок дар ярмаркаҳои тиҷоративу саноатӣ барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ хизмат мекунад. Қайд карда шуд, ки дар замони муосир ҷустуҷӯ ва дарёфти шарикон барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак амри зарурӣ буда, дар ин ҷода вилояти Суғд омодаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд мебошад. Вилояти Суғд, ки чун “водии имкониятҳо” шинохта шудааст, бо ҳашт минтақаи Федератсияи Россия,  аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон меморандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Мусаллам аст, ки барои рушди робитаҳои минтақавӣ ва тиҷоратӣ нақша палатаҳои савдо ва саноат назаррас буда, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо Палатаҳои савдо ва саноати 21 минтақаи Федератсияи Русия созишномаҳои ҳамкориро имзо кардааст. Дар назар аст, ки бо ташкили чунин мулоқоту вохӯриҳо ҳамкориҳо боз ҳам тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот зиёд ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бештар гардад.

Сипас, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолӣ Голтсов, директори ширкати «Фортуна Ко» Муъмин Умаров, роҳбари гуруҳи корхонаҳои "Ресурс"-и Федератсияи Русия Ренат Шигапов, роҳбари Ассотсиатсияи рушди сайёҳии "Зарафшон" Ҷамшед Юсупов ба сухан баромада, оид ба рушди ҳамкориҳо, истифодаи имконоти дуҷониба, тақвияти робитаҳои миёни доираҳои соҳибкорӣ табодули афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh