Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин ба Суғд ташриф овард

16 сентябри соли 2021 президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмононро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифт.

Дар назар аст, ки роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати ФР ва соҳибкорони рус бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд дидору мулоқот кунанд. Меҳмонон ҳамзамон аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва маконҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид хоҳанд кард.

Ҳадаф аз сафар таҳкими равобити дуҷониба, баррасии имконоти мавҷуда ҷиҳати густариши робитаҳо, мубодилаи афкор ва таҷрибаи доираҳои соҳибкории ҳарду тараф аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh