ОИНИ ВАТАНДОРӢ ДАР ЗЕВАРИ СИРИШТ

Ватан, миллат, халқ, ҷомеа ҳамеша бо чеҳраҳои бузургу мондагор, содиқу вафодор, роҳнамову ҳидоятгар ва тӯдакаш ба сӯи зиндагии босаодат ифтихор дорад. Миллати нектолеи тоҷик таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста рушд меёбад. Таҷлили бошукӯҳу хотирмони ҷашни бузурги милливу таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастоварду муваффақиятҳои он собитгари ин гуфтаҳоянд.

Дар баробари пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мактаби тарбияи кадрҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст. Зеро Президенти кишвар ҳамеша таъкид менамоянд: “Ватанро кӣ обод мекунад? Мутахассис!”.

Яке аз дастпарварони Пешвои муаззами миллат роҳбари содиқу сазовор, ватандӯсту худшинос, ташаббускору созанда, мутахассиси асилу чашмикордон, инсони ҳалиму хоксор, дилёбу дилсӯзи халқ, Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис‐тон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мебошанд. Раиси арҷманду гиромии мо дар ин соли мубораку ҳумоюни миллат ба синни мубораки 50‐солагӣ мерасанд, ки барояшон саломатии бардавом, умри дароз ва дар фаъолияти пурмасъул барору комёбиҳои беназир таманно менамоем.

Раиси муҳтарам воқеан фарзанди Ватан, миллат ва ҷомеа буда, содиқу вафодори Пешвои маҳбуби миллат мебошанд. Ободкориву созандагӣ, гирифтани дасти фитодагону ниёзмандон рисолати зиндагиву роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода буда, он дар тамоми марҳалаҳои фаъолият ба ҳайси Раиси шаҳрҳои Гулистон, Хуҷанд ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан ба назар мерасад.

Масъулият, кордонӣ ва муҳаббат ба халқ буд, ки Пешвои миллат роҳбарии вилояти овозадори Суғди бостониро ба ин шахси пурмасъул вогузор намуданд. Президенти мамлакат нисбат ба вилоят таваҷҷӯҳи махсус дошта, таъкид месозанд: “Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ бузурги Тоҷикистон буда, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии он таъмин шуда истодааст”.

Дар воқеъ муҳтарам Раиси вилоят имрӯз бо сарбаландиву садоқат баҳри рушду пешрафти Ватани азизамон мардуми вилоятро сарҷамъ намуда, ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар ва сиёсати дурбинонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош доранд. Баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллат–30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо ибтикори Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардида, мардум баҳри анҷом додани амалҳои созандаву бунёдкорона боз ҳам муттаҳид гардиданд. Дар ин замина наздик 8 ҳазор иншооти ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимиву табобатӣ, фарҳангиву фароғатӣ, варзишиву солимгардонӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, таъмиру бунёди роҳу пулҳо ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба рӯҳияи мардуми вилоят таъсири нек гузоштанд.

Раиси вилоят дар ҳар сафарҳои кории худ дар шаҳру ноҳияҳо шахсони собиқадор, ятимону ниёзмандонро аёдат намуда, аз шароити зиндагии онҳо пурсон мешаванд, ки аз амалҳои хайр ва арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи пирони кор мебошад.

Раиси вилоят набзи ҷомеаро ҳамеша эҳсос мекунанд ва доимо бо халқ буда, дар дилу дидаи мардуми вилоят ҷой гирифтаанд. Чӣ хеле, ки шоир мефармояд:

Зиндагӣ тухми накӯӣ ба ҷаҳон коштан аст,

Доғи дилро зи дили ғамзада бардоштан аст.

Самимият, хоксорӣ дурандешии муҳтарам Раис намунаи ибрату омӯзиш буда, бевосита ба қадри мутахассис мерасанду ӯро арҷ мегузоранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки муҳтарам Раис дар куҷое фаъолият баранд, бо кормандон забон ва дил меёбанд, онҳоро сарҷамъ намуда, муҳити солим барпо менамоянд. Ба ҳаёту зиндагӣ ва тақдири ояндаи ягон нафар бетараф набуда, дилсӯзу ғамхори мутахассисон ҳастанд.

Бори дигар муҳтарам Раисро бо рӯзи мавлуд, 50‐умин баҳори умр, ҳаёти нимасра аз номи неруи бузурги зеҳниву мафкуравӣ ҳайати эҷодии нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” самимона табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳатии комил, умри бардавом, сарбаландиву саодати бегазанд, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созанда баҳри рушди пешрафти Тоҷикистони маҳбуб ва вилояти Суғд пирӯзиҳо таманно менамоем. Бошад, ки ба бахти мардуми меҳнатдӯсту мушкилнописанди вилояти Суғд солҳои зиёд чун шахси боэътимоду вафодори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбару роҳнамо баҳри гулгулшукуфии Ватанамон Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд.

Ҳайати эҷодии нашрияи

вилоятии “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh