Боздид аз Прокуратураи ҳарбии горнизони Суғд

Дирӯз муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Прокуратураи ҳарбии горнизони Суғд боздид карда, бо шароити кории кормандони ин ниҳод шинос шуданд.

Чуноне ҳини боздид иттилоъ дода шуд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии Прокуратураи ҳарбии горнизони Суғд аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои фаъолияти кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Кормандони ниҳоди мазкур бо ҳисси баланди масъулият ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ машғул буда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни бузурги миллӣ омодагӣ мебинанд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода кормандони Прокуратураи ҳарбии горнизони Суғдро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh