ИСТИҚЛОЛИ ЗЕҲНӢ АЗ КӮДАКӢ ОҒОЗ МЕЁБАД!

Сӣ сол дар назди таърих ҳеҷ аст, вале дарозои сӣ сол кӯдаки ширхора инсони бузург ва мустақил ба воя мерасад. Баробари ба воя расидани кӯдаки навзод як кишвари навруста зина ба зина, сол ба сол мустақил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва манзалати худро пайдо мекунад. Тӯли сӣ соли таърих кишвари ҳамешасабзи тоҷикон ба кишвари биҳиштосо мубаддал гардидааст. Вале ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст…

Истиқлоли зеҳнӣ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ оғоз меёбад, зеро фикру ақидаи солими ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавононро аз даврони кӯдакӣ бояд мустаҳкам намуд. Истиқлоли зеҳнӣ таҳаввулоти нав набуда, танҳо дар инсон бедор кардани ҳисси ватандӯстию инсонпарварист. Вақте шахс дар худ чунин эҳсосро бедор мекунад, дар зиндагӣ инсони комил ва ватанпарвар ба воя хоҳад расид. Ҷоиз ба зикр аст, ки танҳо пас аз инкишофи истиқлоли зеҳнӣ метавон ба истиқлоли сиёсӣ расид.

Мутаассифона, бархе аз ҷавонони навруста ба ақидаи нопоки хоинон ва душманони миллат гаравида, ба хотири ақидаи нодуруст миллат, Ватан ва оилаи худро аз даст медиҳанд. Бадхоҳони миллат мафкураи ҷавонону наврасонро бо суханони нодурусти динӣ вайрон карда, амалҳои кунунии кишварро ба таври нодуруст маънидод мекунанд ва мекӯшанд сафи худро беш карда, ба ғаразҳои нопоки худ бирасанд.

Шинохт ва огоҳии миллӣ барои расидан ба ин ормон, тасмимгириҳо, зарурияти мавқеъёбӣ, ниёзҳо ва арзишҳои мавриди ниёзи маънавӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки моро ба омодагӣ ва омӯзишҳои мавриди ниёз ҳидоят менамоянд.

Мо бояд бидонем, ки дар кадом вазъ ва марҳала қарор дорем ва дар баробари ин эҳсосҳо, камбудӣ, норасоӣ ва нофаҳмии худро дарк карда, онро тағйир диҳем. Агар аз як назар асри навин асри расидан ба ормон ва ҳадафҳои миллӣ, асри бунёдкориву ободонӣ ва асри тараққиву пойдорӣ бошад, аз назари дигар асри мушкилоти азим аст, зеро хурофоти баъзе гуруҳҳои мазҳабӣ ва равияҳои ифротии динӣ роҳи асли насли навинро ғалат месозанд.

Агар ба сӣ соли истиқлол назар афканем, хуб дарк менамоем, ки ба Истиқлоли сиёсиву зеҳнӣ, аз ҷумла, бунёд ва сохтмони иншооти мухталифи зарурӣ, пеш рафтани сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, расидаем. Ин ҳама баҳри ояндаи неки ҷавонон ва наврасон нигаронида шудааст. Ба ин хотир, нотавонбинон мақсад доранд, ки мардум, алалхусус, бархе аз ҷавононро ба парокандагии миллӣ даъват карда, ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор созанд.

Бояд қайд кард, ки дар замони кунунӣ мавқеи китобу маҷалларо шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол кардаанд, зеро ҷавонону наврасон ба ҷуз нишастан дар шабакаҳои иҷтимоӣ амсоли одноклассники, фейсбук, инстаграмм, тик – ток, вконтакте, мессенҷер, вайбер, имо, телеграмм, вотсап ва дигар аз ҷаҳони кунунӣ фориғ мондаанд. Шояд аз як тараф ин ба олами иҷтимоӣ ва иттилоотӣ павастани онҳо бошаду дониш ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ гардонад, вале аз тарафи дигар тарзи истифодаи шабакаҳои гуногуни иҷтимоиро на ҳар шахс ба дараҷаи дуруст дарк кардаасту аз он истифода мебарад. Дар ин маврид ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ шумораи гурӯҳҳои ифротӣ рӯз ба рӯз афзуда, тариқи чунин гурӯҳҳо сафи ҷавононро зиёд карда истодаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки барои таҳкими неруҳои зеҳнии ҷумҳурӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба неруҳои ақлонӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тадбирҳои судманд андешида мешаванд, зеро таъмини амнияти зеҳнӣ дар кишвар ба онҳо вобастагии зиёд дорад. Маҳз қувваи онҳо имконият медиҳад, ки сафи чунин гурӯҳҳо кам гардаду ҷавонон гумроҳ нагарданд. 

Хеле хуб мебуд, ки донишмандону коршиносоне, ки солиёни зиёд дар сафи Ҳукумати кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, аз таҷриба, муваффақият ва мубориза бо чунин ашхос вохӯрӣ доир кунанду аз сиёсати ақлониву дунявӣ маълумоти беш диҳанд.

Набояд фаромӯш кард, ки кам нестанд ҷавононе, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дониши худро мукаммал карда, ба донишгоҳу коллеҷҳои бунуфузи хориҷи кишвар шомил мешаванд. Ин гуна ҷавонон номбардори кишвар буда, аллакай дар худ истиқлоли зеҳниро пайдо кардаанду барои расидан ба истиқлоли сиёсӣ камари ҳиммат бастаанд.

Баробари ин наврасону ҷавонони даврони истиқлол дар мусобиқаҳои мухталифи дохиливу берунӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд. Ин ҳама аз тарбияи дуруст дар рӯҳияву созандагиву ватанпарварӣ маншаъ гирифтааст.    

Дарозои сӣ сол тоҷикон тавонистанд бунёд ва сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқию обӣ, пойгоҳ ва хатҳои бошиддати интиқоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳ, пулҳои байналмилалии мошингард ва иншооти азими инфрасохтори иҷтимоиро дар амал татбиқ созанд. Тамоми дастовардҳои халқи тоҷик маҳз ба шарофати расидан ба Истиқлоли миллӣ ва пойдор будани сулҳи тоҷикон аст.  

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh