ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЗЕҲНӢ – ПОЯИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо беҳтарин неъмате аст, ки давоми асрҳо ормони миллати  тоҷик буд.

Истиқлолияте, ки мо даст овардем, Тоҷикистонро ба ҷаҳон шиносонд ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид. Маҳз арзишҳои  Ваҳдат ва муттаҳидии  миллати кӯҳанбунёди мо буд, ки  кишвари мо ба ин рӯзҳои нек расид. Ин арзишҳо баҳри пойдории миллат нақшу мақоми баланд доранд. Зеро маҳз иттиҳоди мардуми сарзамин, ҳамбастагиву якмаромӣ Истиқлолиятро ба вуҷуд овард. Имрӯз бояд барои ҳар як шаҳрванди мамлакат Истиқлолият ва Ваҳдат  азизу муқаддас бошад. Ҳар як сокини кишвар бояд дар андешаи  беҳ доштан, таҳким бахшидани ин арзишҳо  бошанд, баҳри ҳифзу ҳимояи он талош варзанд. Ин саодат, ин бахту иқболи накӯро, ки воқеан, дар давоми  асрҳо ба  миллати тоҷик насиб гашт, мо бояд дар баробари эҳтиром кардан парвариш, ҳифзу ҳимоят  кунем. Ва агар на, чаро бузургони мо ин ҳикматро  гуфтаанд – Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад…

Агар як нафар корманд дар ҷои кори худ вазифаву масъулияташро  бо ҳисси баланду поквиҷдонона баҷо меорад, ин таҳким бахшидани Истиқлолият аст, як нафар донишҷӯ  тамоми нерӯяшро масраф намуда, илму дониши замонаро азхуд мекунаду  баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз хизмат мекунад, ин саҳм дар пойдории соҳибистиқлолии кишвар аст, як нафар муҳассили мактаб  бо баҳои аъло хонад, нақш барои пояндагии Истиқлолият аст,  соҳибкоре баҳри  бо донишандӯзӣ фаро гирифта шудани насли навраси диёр таълимгоҳ бунёд мекунад,  ин саҳме дар устувории пояи Истиқлолият аст. Ҳамаи ин амалҳо парвариши соҳибистиқлолӣ, хиште ниҳодан дар мустаҳкамии  ин дастоварди миллат мебошад.

Яке аз арзишҳое, ки қавму миллати тоҷик ба он арҷ мегузорад, Истиқлолияти зеҳнӣ, яъне  соҳиби илми сиёсат будан мебошад. Миллати мо ҳанӯз аз даврони ҳукмронии Куруши Кабир дар  илми сиёсат ҳамто надошт  ва ба ақвоми атроф намунаи беназири давлатдорӣ буд.

Истиқлолиятхоҳӣ, тавре мо огоҳ ҳастем,  дар тинати миллати тоҷик аст. Ҳатто, он марҳалаҳое ҳам, ки миллати тоҷик  зери фишор қарор дошт, авлодону аҷдодони мо, ниёгони мо  рӯҳи Истиқлолхоҳиро аз  даст надоданд.

Озод будан, соҳиби давлати худ будан, соҳиби шаъну эътибори худ будан, соҳиби сухани худ, нақши худ, Ваҳдати худ будан аз истиқлолият аст.  Рӯҳи миллӣ  - ин арзишест, ки муносибати  ҳар фарди соҳибватанро ба  Истиқлолият муайян мекунад. Дар ҳар давру замон  истиқлолият, соҳибватанӣ  раҳбару роҳнамо, сарвар, даҳои худро металабид.  Миллати мо  чаро шоҳ Исмоили Сомониро ин қадар бузург медорад, ба бузургиву шаҳомати  ӯ арҷ мегузорад. Чунки Исмоили Сомониро миллатро, қавмро ба ҳам овард, давлате  беназир, бемисл дар ҷаҳон бунёд кард, ки намунаи давлатдорӣ ба ҷаҳон гашт.

Мо, имрӯзиён, ки дарозои сӣ сол инҷониб  аз ҳавои истиқлол нафас мегирем, аз сулҳу суботи Истиқлол бархурдорему  орому осуда зиндагӣ дорем, ба қуллаи донишомӯзӣ расиданро ният кунем, ба он шарафёб мешавем, чигуна сипосманд набошем аз ин неъматҳо, аз ин иқболи баланду сарфарозӣ! Чаро ифтихор накунем аз Сарвари хеш, роҳнамо, Асосгузори сулҳ, поягузори Ваҳдат!

Имрӯз бояд андешаи мо, тафаккури мо солим бошад, он ба пойдории Истиқлолияти давлатиамон, таҳким бахшидани он нигаронида шуда бошад. Пешвои муаззами миллат доимо таъкид бар нақши хиради азалии миллати тоҷик мекунанд, моро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват менамоянд. Рӯзгори имрӯзи мо ин набард баҳри ҳифзу ҳимояи арзишҳост! Зеро бузургони миллати мо гуфтаанд – Парокандагӣ аз нифоқ хезад…

Имрӯз аз ҳарвақта бештар баҳри ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳар сокини ин сарзамини муқаддас – Тоҷикистони азиз пос доштани хиради азалии мардуму миллати тоҷик, ҳушёриву зиракии сиёсӣ муҳимтар аст. Поси соҳибистиқлолӣ, парвариши мустақилияти давлатиамон, устуворсозии пояҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани он вазифа, қарз, оини ватандорӣ, дӯст доштани Ватани азиз аст…

Рафоат МӮЪМИНОВА

Add comment


Security code
Refresh