Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи авиатсия

Рамзист, ки иди касбии кормандони соҳаи авиатсия дар арафаи таҷлили яке аз ҷашнҳои муқаддас ва бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат кормандони соҳаро табрику таҳният мегӯям.

Маврид ба зикр аст, ки кишвари азизамон ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст, ки он аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавассути роҳҳои ҳавоӣ бо даҳҳо кишварҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуданд. Боиси қаноатмандист, ки кормандони ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатиашон  баён намуданд, бо назардошти мавқеи мусоиди ҷуғрофии Тоҷикистон, бо мақсади афзун намудани ҳамлу нақли мусофирон ва ҳаҷми боркашонӣ ҷиҳати ба масири транзити ҳавоӣ табдил додани кишвар, бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ вазифаашонро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Фурудгоҳ дарвозаи рамзии давлат буда, меҳмонон аз хориҷи кишвар тассавуроти аввалинро нисбати давлату миллат аз ҳамин ҷо пайдо мекунанд. Бинобар ин, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи Пешвои миллат эълон шудааст, кормандони фурудгоҳро водор месозад, ки ба анъанаҳои аҷдодӣ содиқ монда, фарҳангу маданияти тоҷиконро ба меҳмонон муаррифӣ намоянд.

Боварии комил дорем, ки кормандони фурудгоҳ минбаъд низ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолият намуда, барои бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд ва дар ободонию шукуфоии кишвари азизамон ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Бо ин ниятҳои нек кулли кормандони “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ва собиқадорони соҳаро ба ифтихори Рӯзи авиатсияи тоҷик табрик гуфта, парвози бехавф, сулҳу оромӣ, рӯзгори осуда, хушбахтиву иқболи баланд ва барори кор орзумандам.

Иди касбӣ муборак!

Add comment


Security code
Refresh