САМАРА ВА ФАЙЗУ БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳамасола иди касбии кормандони соҳаи авиатсия санаи 3-юми сентябр баргузор мегардад ва имсол низ барои кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва онҳое, ки бо авиатсияи гражданӣ сарукор доранд, моҳи сентябр ид болои ид аст, зеро дар радифи иди касбӣ, 30 - юмин солгарди соҳибистиқлолии кишварро низ бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Маҳз самараи талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштан аз марҳалаи аввали пас аз истиқлол, ки даврони ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Ҷоизи зикр аст, ки дар тӯли ин солҳо алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тариқи роҳҳои ҳавоӣ ба даҳҳо кишвари хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯзҳо амалӣ гардонидани як қатор чораҷӯиҳо ва корҳои ободонӣ боиси баланд шудани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони кишвар ва хориҷи он, қависозии равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои мухталифи дуру наздик мегардад.

Дар доираи иди касбӣ Рӯзи авиатсияи тоҷик ба ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» баҳри инъикоси фаъолияти кунунии онҳо ташриф овардем. Боиси қаноатмандист, ки дар партави дастуру супоришҳои Сарвари кишвар кормандони фурудгоҳ, новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, бо дарки баланди худшиносию худогоҳӣ, ватанхоҳиву ватанпарастӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда вазифаашонро сарбаландона иҷро мекунанд. Чуноне роҳбарияти ҷамъияти мазкур изҳор доштанд, бо мақсади дастгирии сиёсати давлатӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ тайи панҷ соли охир то инҷониб дар фурудгоҳ корҳои зиёди ободонӣ ва бунёдкорӣ ба иҷро расонида шудаанд. Шоҳиди он гаштем, ки то ба имрӯз дар ҳудуди фурудгоҳ якчанд бинову иншоот мавриди азнавсозӣ қарор дода шуда, фурудгоҳи Хуҷанд ба як макони ҷолибу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.

Дар ҳудуди корхона дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулу буттаҳои зиёд шинонида шудаанд, ки манзараи фурудгоҳро ба як гӯшаи сабзу хуррам мубаддал намудааст. Роҳбарият ва кормандони “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ба ободониву бунёдкорӣ аҳамияти хоса дода, шароити хуб, бехатарӣ ва хизматрасонии муосирро ба мусофирону ширкатҳои ҳавопаймоӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Бо роҳбарии Қурбони Алимардон, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯйи навоварӣ аст, рӯз аз рӯз корҳои ободонӣ вусъат гирифта, ҳар гӯшаи фурудгоҳ азнавсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида мешаванд. –Мо баҳри татбиқи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёмҳояшон бармеоянд, азму талош варзида, тадбирҳои нав меандешем.

Барои расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегии корхона – баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини бехатарии авиатсионӣ ва парвозҳо, мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба мақоми байналмилалӣ, талабот ва меъёрҳои Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) нақшаҳо, лоиҳаҳо ва тадбирҳои муҳим мусоидат менамоянд. Бино ба маълумоти роҳбарият дар Тоҷикистон ягона аэродроми “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” аст, ки қабулу гусели ҳавопаймоҳоро аз ҳар ду самти парвозу фурудоӣ ҳам аз кунҷи 78° ва ҳам аз кунҷи 258° метавонад, ба амал барорад. – Хатти парвозу фурудоии аэродроми фурудгоҳ дилхоҳ намуди тайёраҳо, аз ҷумла, тайёраҳои калонҳаҷмро метавонад сарфи назар аз вазъи гуногуни обу ҳаво қабул ва гусел намояд.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи фурудоии DMЕ дар фурудгоҳи Хуҷанд васлу насб карда, мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин худ як падидаи муҳим дар фаъолияти имрӯза ва рушди минбаъдаи фурудгоҳ ба ҳисоб меравад. Системаи мазкур барои фуруд овардани ҳавопаймоҳо аз масофаи наздик мусоидат намуда, дар ҳудуди Осиёи Миёна шабеҳи худро надорад,–иброз доштанд масъулин. Боиси қаноатмандист, ки кулли кормандони фурудгоҳ бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, азму суботи худро дар ин самт ривоҷ мебахшанд ва аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашон сарбаландона баромада, дар ободонию шукуфоии кишвари азизамон ҳиссаи босазо мегузоранд.

Дар ояндаи наздик ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” боз ҳам рушд карда, барои қабулу гусели мусофирону меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ бо сифати баланд хизмат хоҳад расонид. Биноҳои баланду замонавӣ бо ороиши зебо диққати ҳар бинандаро ба худ зуд ҷалб менамоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh