Раҷаббой Аҳмадзода фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолро ба афсарону сарбозон табрик гуфт

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо фаъолияти дастаи воҳиди таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дар шаҳри Исфара бо шароити буду боши сарбозони қисми низомии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҳомиёни марзу бум фарорасии ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли афсарону сарбозон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат барору комёбиҳо таманно кард.

Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум корҳои назаррас ба сомон расида, барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.

Маҳз бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардид. Ҳомиёни Ватан дар лаҳзаҳои хеле мушкил, ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд. Таъмини сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардад.

Барои афсарону сарбозон аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh