ҚАРЗИ ИМТИЁЗНОК БА 38 НАФАР

- Бо мақсади таъмини иҷрои Фармоиши сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми апрели соли 2021, № 31 дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси фармоиши сардори раёсат аз 19-уми апрели соли 2021, № 315 ситоди вилоятӣ ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ оид ба фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 –уми апрели соли 2021, № 274 «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи КОВИД -19» таъсис дода шуд.

Ҳамагӣ бо намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, фаъолони ҷомеа, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо 166 чорабинӣ оид ба фаҳмондадиҳии моҳият ва муҳтавои фармони Президенти Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи пандемияи КОВИД 19» гузаронида шуд.

Дар умум 13 ҳазору 356 шаҳрванди гуногункасбу гуногунсол бо ташвиқоту тарғибот фаро гирифта шуданд, иброз дошт дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Шарифӣ Зайнура Шарофзода. Ҳамчунин қайд гардид, ки мувофиқи маълумотҳои аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан пешниҳодгардида давоми моҳҳои январ июни соли 2021 аз ҳисоби сокинони вилоят ҳамагӣ 51409 нафар ба хориҷа сафар карда, ҳамзамон бо мақсадҳои гуногун 6797 нафар қаламрави вилоятро тарк намуданд. Дар давраи ҳисоботии соли 2021 аз хориҷи кишвар 7972 нафар ба Ватан баргаштанд, ки 5872 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки раёсат то кунун ба 319 нафар шаҳрвандони хориҷӣ тибқи квотаи кортӣ иҷозат ба кор дод, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин, Туркия, Гурҷистон, Ҳиндустон, Испания, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ироқ, Африқои Ҷанубӣ, Амрико, Миср, Венесуэла ва Британияи Кабир мебошанд. Боиси тазаккур аст, ки ҳар рӯзи чоршанбе ва шанбеи ҳафта рӯзи қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ин анъана давоми давраи ҳисоботӣ низ баргузор гардида, шаҳрвандон бевосита ба худи сардори раёсат муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон маълум гардид, ки барои 1604 нафар воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Россия муваққатан манъ гардидааст.

Дар умум давоми шашмоҳаи аввали соли 2021 аз ҷумлаи шаҳрвандони берункардашуда ва воридшавиашон манъгардида ба 79 нафар касб омӯзонида, 107 нафар машварати касбӣ гирифтанд. Дар ин радиф 65 нафар бо ҷойи кор, 25 нафар бо кори ҷамъиятӣ таъмин ва 38 нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардиданд. Рӯзноманигорон дар фарҷом ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh