НИШОНДОДҲО БОЗГӮИ ПЕШРАВИАНД

Дар нишасти хабарии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба сифати намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин–сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят иштирок намуд. Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, афзуд, ки тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ омодагии ҳамаҷониба доранд.

Бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву сохтмони иншооти ҷашнӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд. Дар натиҷа 145 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмону таъмири мактабу синфхонаҳои иловагӣ, боғчаҳои бачагона, бунгоҳ ва марказҳои тиббию фарҳангӣ, китобхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдою хитзматрасонӣ ва дар маҷмуъ, барқарорсозии зиёда аз 355 банди нақшаи чорабиниҳо иҷро гардид, ки 90,1 фоизро дарбар мегирад. Ҷамъи андозҳо бо назардошти иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз иҷро гардида, 45 миллиону 714 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки аз нақша 590 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Баҳри амалӣ гардидани рушди соҳаи саноат ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саноатчиён диққати асосиро барои таъсис додани корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода равона намудаанд. Шумораи корхонаҳои саноатӣ 27 ададро ташкил дода, онҳо ба маблағи 116 миллиону 930 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки суръати афзоиши он 104 фоиз аст. Ҷиҳати зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан воридотивазкунанда ва содиротӣ чораҳои зарурӣ андешида, кишти баҳорӣ дар майдони 18043,8 гектар гузаронида шуд, ки суръати афзоиш 103,5 фоизро ташкил дод.

Сатҳи донишомӯзии хонандагони ноҳия боло рафта, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 25 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Ҷавонони ноҳия баҳри таъмини рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим тамоми кӯшишу ғайрати худро равона кардаанд. Ҷудошавии оилаҳо ба 99 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад кам шуда, никоҳ ба ҳамин давраи соли гузашта 88 адад зиёд аст. Дар ин давра 164 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 адад кам мебошад.

Инчунин, раиси ноҳия аз рушди, инфрасохтор ва нақлиёт, таъминоти аҳолӣ бо оби тоза, рушди сайёҳӣ, пеш‐гирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва коррупсия ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ маълумоти муфассал дод. Нишасти матбуотӣ бо саволу ҷавоби рӯзноманигорон анҷом пазируфт.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh