ДАСТОВАРДҲОИ НЕК – БАЁНГАРИ РУШД ВА САТҲИ ХУБИ ЗИНДАГӢ

Санаи 13 уми июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен нишасти матбуотии раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Сараввал раиси ноҳия Темурҷон Нӯъмонзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия давоми нимсолаи якуми соли 2021 ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Спитамен дар давраи ҳисоботӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои сокинон қадамҳои устувор гузошт. Бояд гуфт, ки дар ин давра мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати некӯаҳволии сокинон, ки аз ҳадафҳои муҳими Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тадбирҳои судманд амалӣ намуд. Раиси ноҳия дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, зикр дошт, ки дар ин самт корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат дорад.

Дар фарҷоми нишаст раиси ноҳия ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух дод.

Рустам ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh