Дар ҷаласаи фаъолони вилоят натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2021 баррасӣ шуд

12 июли соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи фаъолони вилоят доир шуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2021 баррасӣ шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози ҷаласа таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмўъ, ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.

Сипас, муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2021 гузориш дод. Маълумот дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 8 млрд. 976,0 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,2 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 ба миқдори 664,5 ҳазор тонна семент ва 722,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 116,2 ва 103,8 фоизро ташкил намудааст. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 140,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 105,7 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 2835,8 тонна калоба ва 3608,8 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудаанд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2021 ба миқдори 253,1 ҳазор тонна орд ва 1955,3 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 6 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 61 корхонаву коргоҳҳои нав бо 475 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои дўзандагии либоси миллию  мактабӣ ва пойафзолдӯзӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Дар соли 2021 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома дода шуда, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 6 коргоҳи нави дўзандагӣ бо 46 ҷойи нави корӣ ва 2 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ давоми 6 моҳи соли равон дар корхонаву коргоҳҳои дўзандагии вилоят ба маблағи умумии 129,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш 134,3 фоизро ташкил намудааст.

Барои дар соли таҳсили 2021-2022 бо либоси мактабӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дўхтани либоси мактабӣ тақвият дода шуда, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 284262 либоси мактабӣ дўхта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,3 баробар зиёд мебошад.

Дар вилоят фаъолияти 8 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 153,8 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 96,3 ҳазор ҷуфт ё 2,7 баробар зиёд аст.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 2 млрд. 795,3 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 105,3 фоизи нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 1485,2 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1310,1 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 5,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 100,2 фоиз, 111,8 ва 111,5 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 234812,0 гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44943,5 гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии як зумра иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта, корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои  вилоят, ки бо қарори Раиси вилоят тасдиқ шудаааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва азнавбарқарорсозии 7579 иншоот пешбинӣ гардидааст.

Дар солҳои 2018 - 2020 ва 6 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону аз нав барқароркунӣ ва таъмиру тармими 7192 иншоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша 94,9 фоизи таъмин шудааст.                                             Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2021 ба 1025,5 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли  2020 125,5 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 749,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 105,2 млн. доллар ё 16,3 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 275,9 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 103,2 млн. доллар ё 59,7 фоиз зиёд  мебошад.

Ҳаҷми содирот аз ҳисоби нисбат ба ҳамин давраи соли 2020  зиёд шудани содироти нахи пахта, калобаи пахтагин, либосворӣ ва маъдану консентрат афзоиш ёфтааст. Дар 6 моҳи соли 2021 нахи пахта ба миқдори 14681 тонна ба маблағи 24,7 млн. доллар, калобаи пахтагин ба миқдори 2047 тонна ба маблағи 4,9 млн. доллар ва либосворӣ ба миқдори 553 тонна ба маблағи 9,3 млн. доллар содирот шудааст.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 71,4 млн. доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 137845 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 161,6 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Дар ин давра 279576 тонна семент низ ба маблағи 11,6 млн. доллари ИМА содирот шудааст.

Афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 12042 тонна ё 1,2 фоиз таъмин гардида, 89663 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 10,2 млн. доллар содирот шудааст. Дар ин давра 12457 тонна хушкмева ва 71068 тонна пиёз содирот карда шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 2679 тонна ва 8036 тонна зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2020-2021 дар вилоят 941 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 36 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 829 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кўдакистон фаъолият дошта, дар онҳо 565231 нафар, аз ҷумла  276427 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 шумораи муассисаҳо 12 адад ва хонандагон 17306  нафар зиёд мебошад.

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 508 иншооти соҳа, аз ҷумла 77 беморхона, 123 бунгоҳи саломатӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, 98 нуқтаи хатна ва 100 дорухона  ба нақша гирифта шудааст.  Дар солҳои 2018-2020 ва  6 моҳи соли 2021 сохтмон ва таъмиру  азнавсозии 431 иншоот ба итмом расонида шуд, ки ба 84,8 фоизи нақша баробар аст.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун аз масъулин барои ҳали мушкилоти мавҷуда пурсиш ба амал оварда, баҳри густариши корҳои ободонӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ,  гузаронидани кишти такрорӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар маконҳои серодам супоришҳо дода, изҳори боварӣ кард, ки сокинони вилоят ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh