ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса вилояти Суғд наздик як моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, таассуроти ҳаяҷонпазири мардум то ҳанӯз боқист. Зеро дӯстии ин ду халқи ба ҳам ёру бародар аз азал ба ҳамагон маълуму машҳур буда, мардуми меҳнатқарини ин ду кишвар кохи дӯстиро то ҷовидонаҳо бегазанд нигаҳ хоҳанд дошт.

Суҳбати мо бо табақаҳои гуногуни мардум бобати ин масъала ҷараён гирифт, ки манзури мухлисони рӯзнома мегардонем. Ӯрунбой Усмон – адиб, тарҷумон ва драманавис, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: Ман иштирокдори мулоқоти Сарони давлатҳо бо аҳли зиёи вилояти Суғд будам. Ба ростӣ, ба меҳру муҳаббати самимӣ ва дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳавас кардам. Чӣ мешуд, ки роҳбарони тамоми давлатҳо мисли онҳо муносибат мекарданд.

Зеро меҳру муҳаббат ва самимияти Сарварон ба мардуми кишваре, ки онҳо сарвариашро бар дӯш доранд, албатта, таъсири амиқ мерасонад. Агар ҳамин тавр аст, ҳурмату эътибори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев шоистаи ҳавасу арзиши роҳбари ҳар мамлакат аст. Дар қадамҳои устувори ҳарду ҷониб барои мустаҳкамии муносибати дӯстона ғамхории беназиреро ба мардум мушоҳида намудам. Халқ мақоле дорад: «Ҳамсоя – бозори ҳамсоя аст». Далелҳои зиёдеро овардан мумкин аст, ки муносибати хуби ҳамсоядорӣ ба оила таъсири мусбат мерасонад.

Давоми сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба имзо расидани шартномаҳои тарафайн аз забон ба забон гузашта, меваҳои пурбор хоҳад овард. Агар беш аз 35 шартнома ба имзо расида бошад, барои 1 миллиард доллар гардиши савдо гуфтушунид ба анҷом расид. Ҳамагӣ чаҳор сол муқаддам ин рақамро, ҳатто, тасаввур ҳам кардан мумкин набуд. Албатта, ин хариду фурӯш баҳри беҳтар гардидани сатҳи ҳаёти сокинони ҳарду мамлакати ба ҳам дӯст таъсир мерасонад. Ба наздикӣ қувваи барқе, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мегардад, хонадони ӯзбекистониҳоро равшан карда, тоҷикистониён аз гази табиии ӯзбекистониён баҳраманд хоҳанд шуд. Дар шартномаҳои имзошуда ҳамкориҳои рафтуомади мардум низ ба назар мерасад, ки ба фоидаи ҳарду ҷониб аст. Бовар дорем, ки дарвозаҳои давоми чанд муддат бо сабаби гирифторшавии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бемории сироятии коронавирус басташудаи сарҳадҳо аз нав во мегарданд.

Дар доираи ҳамкориҳои маданию адабӣ бошад, дар Тоҷикистон китобҳои адибони ӯзбек ва дар Ӯзбекистон асарҳои эҷодкорони тоҷик тарҷума ва ба нашр хоҳанд расид. Бешубҳа, шартномаҳои адабӣ барои мустаҳкамии равобити адабӣ мусоидат хоҳанд кард. Аз рӯзҳое, ки дар қасри муҳташаму таърихии «Арбоб» мулоқот доир гашт, беш аз ду ҳафта сипарӣ гардид. Лекин то ҳанӯз эҳсосоти ҳаяҷонпазире маро фарогир аст. Бо ҳар касе, ки вохӯрам, албатта, сухан дар бораи он мулоқот меравад. Таассуроти гуворои дар мардум пайдошуда то ҳанӯз побарҷост. Умед дорам, ки то ҷовидонаҳо ин лаҳазоти такрорнашавандаи ҳамсоякишварҳо мо‐ро тарк насозад. Абдуқодир Яҳёев – иштирокчии мулоқот: Истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен ҳастам.

Таҳсил дар шаҳри Тошканд бароям фаромӯшношуданӣ буд. Баъди омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ба Ватан баргашта, солҳои зиёд дар хизмати мардум будам. Дар мулоқоти Сарони давлатҳо бо аҳли зиё ҳузур дошта, онҳоро ба бародароне монанд кардам, ки ҳарду гӯё дар як оила ба воя расида, таълиму тарбия гирифта, барои шукуфоии кишвар талош доранд. Ба таърихи гузашта назар афканда, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро ба хотир овардам. Барқарор шудани муносибатҳо ва вохӯрии Президентҳоро мардуми вилояти Суғд идона қабул карданд. Ба имзо расидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар таърихи ду давлат аз воқеаҳое маҳсуб ёфтанд, ки ҳамагон интизораш буданд, зеро пештар инро ҳатто тасаввур ҳам кардан мумкин набуд. Дар таърифи ин корҳои бузург ман оҷизӣ мекашам. Мо, сокинони ду давлат мардуме ҳастем, ки аз як дарё об менӯшем, халқе ҳастем, ки бо ду забон сухан мегӯему диламон як аст. Талошу хизматҳои ду Президентро барои мустаҳкам гардидани пояҳои дӯстию рафоқат тамоми дунё шоҳид шуд.

Баргузор гардидани «Шоми дӯстӣ» бо иштироки аҳли санъати ду кишвар, гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳарду кишвар, дар шаҳри Тошканд баргузор шудани рӯзҳои хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, дар шаҳри Душанбе баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов гувоҳи гуфтаҳои болоиянд.

Мусоҳиб Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh