Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир шуд

7 июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоятро Раиси вилоят ифтитоҳ намуд ва сипас муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ “Дар бораи вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, №51 “Дар бораи таҷлили 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расидаанд.

Ба муносибати ҷашни таърихии миллат дар вилоят нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифта буд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо,  шаҳраку деҳоти вилоят бинои мактабу кўдакистонҳои садамавӣ пурра бартараф гардида, коргоҳҳои дўзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангию фароғатӣ бо тарзу намуди замонавӣ бунёд ва азнавсозӣ карда шаванд.

Бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, инчунин тибқи дархосту пешниҳоди аҳолӣ ба нақшаи чорабиниҳо тағйироти  дахлдор  ворид карда шуд.

Бо назардошти пешниҳоди иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳо сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 7577 иншоот, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ 499 иншоот, Ашт 401, Бобоҷон Ғафуров 1437, Бӯстон 180, Гулистон 221, Деваштич 388, Зафаробод 410, Истаравшан 450, Истиқлол 130, Исфара 457, Кӯҳистони Мастчоҳ 108, Конибодом 506, Мастчоҳ 535, Панҷакент 405, Спитамен 410, Хуҷанд 510, Ҷаббор Расулов 394 ва Шаҳристон 136 иншооти таъйиноти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуданд.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои  вилоят, ки бо қарори Раиси вилоят тасдиқ шудаааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд, ва азнавбарқарорсозии фаъолияти 296 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, сохтмон, таъмиру тармими бинои 480 муассисаи таҳсилоти миёна ва 154 кўдакистон, 77 беморхона, 123 бунгоҳи тиббӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, 98 нуқтаи хатна ва 100 дорухона, сохтмон ва азнавбарқароркунии 261 варзишгоҳ ва майдончаи варзишӣ, 130 толори варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, 93 майдонча барои бозии кӯдакон, ташкил ва сохтмони 224 сартарошхона, 149 кошонаи ҳусн, 124 ҳаммом, азнавсозӣ, сохтмон ва таъмиру тармими 233 иншооти соҳаи фарҳанг, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони пулу истгоҳҳо ва 3913 иншооти дигари таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар солҳои 2018 - 2020 ва 6 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону аз нав барқароркунӣ ва таъмиру тармими 7192 иншоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша 94,9 фоизи таъмин шудааст.

-Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо бобати пурра иҷро намудани нақшаҳои пешбинигардида ва ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираву имкониятҳоро равона месозанд, - илова намуд Анвар Яъқубӣ.

Сипас, тибқи рӯзнома вакилон ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», №37 Комилӣ Камолҷон Ҳакимзодаро оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ шунида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар иҷлосия ҳамзамон ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд низ баррасӣ гардида, Феҳристи корхонаю муассисаҳои моликияти коммуналии вилояти Суғд тасдиқ карда шуд.

Вобаста ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ гузоириши муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ шунида шуда, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-юми ноҳияи Спитамен ба номи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ Аҳмадҷон Қобилов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-уми ноҳияи Ашт ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов гузошта шуд.

Раиси вилоят дар поёни кори иҷлосия ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ ҷиҳати вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус, риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои серодам супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh