Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи "Меваи Суғд"

29 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмаадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти корхонаи “Меваи Суғд” шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур ба содироти меваҳои шаҳдбори Тоҷикистони биҳитосо машғул буда, меваҷот асосан ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон содирот мегардад.

Соҳибкорон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғҳои инооватсионӣ ташкил карда, меваҳои Тоҷикистони офтобрӯяро ба хориҷ содирот намуда истодаанд.

Корхона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 140 гектар боғи интенсивии замонавӣ бунёд намуда, дар ин боғот парвариши 14 намуди шафтолу, зардолу ва гелос ба роҳ монда шудааст.

Ниҳолҳои мевадиҳанда аз Италия ворид гардида, банду басти меваҷот низ бо истифода аз технолигияҳои итолёвӣ сурат мегирад.

Бояд зикр кард, ки “Меваи Суғд” аввалин корхонаи боғдорию истеҳсолии сатҳи байналмилалӣ дар вилоят буда, боғпарварону соҳибкорон бо парвариш ва банду басти замонавӣ меваҳои мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh